Tuesday, 17 November 2026
President

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба   Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба   Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ хабар доданд.

Раиси Кумитаи Хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Табарзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин роҳбари давлат интихоб гардиданд ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ роҳеро пеш гирифтанд, ки тавассути он қадам ба қадам кишварро аз ҳолати бӯҳронӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ берун карда, ба маҷрои сулҳу ваҳдат ва пешрафт раҳнамун сохт.

“Салоҳиятнокию фаъолияти босамар, фазилати сиёсатмадорӣ ва дастуру ҳидоятҳои умедбахшандаю раҳнамунсози  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро  умри дубора бахшид ва  давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳо карда, ба мардуми тоҷик саодат ва рӯзгори пур аз нишот овард”, — изҳор намуд раиси кумита.

Дар идома иштирокдорон аз корнамоиҳои шоёну шостаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон, расидан ба сулҳу суботи комил, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, рушду пешрафти Тоҷикистон  андешаҳои худро ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ ва барҷаста  дар марҳилаи ҳасос  ва барои кишвар хело ҳам мураккаб ба арсаи сиёсат омада, оромию осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, якдилию ҳамбастагии мардумро  таъмин ва давлатро аз фаношавӣ  наҷот доданд ва дар қалби мардум шуълаи умедро ба сӯи ояндаи дурахшон ва босаодат мунаввар сохтанд.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳовар, ташаббускори  ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон мешиносанд ва эътироф мекунанд, ки ҳамаи ин аз хиради воло, сиёсати дурбинона ва одилонаю оқилонаи  сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

«Маҳз иродаи  қавӣ ва неки ватандорию ватандӯстӣ, матонату ҷасорати   Пешвои миллат буд, халқи тоҷик аз парешонӣ ва оварагию сарсонӣ наҷот ёфта, сарҷамъ ва муттаҳид гардиданд. Дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёна, ваҳдатофару созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омаданд ва Тоҷикистонро ба як давлати рӯ ба пешрафту тараққиниҳода ва ободу зебо табдил доданд», — гуфта шуд зимни чорабинӣ.

АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj