Tuesday, 17 November 2026
Society

Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд

This page is currently available in Tajik only.

Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Озмуни байналмилалии тарроҳӣ ва чопи сеандозаи Cezeri Fest 2026 баргузор шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, донишҷӯёни факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоотӣ Ҳасан Абдуллозода ва Ҳусейн Абдуллозода дар озмун лоиҳаи инноватсионии шаҳрсозии фарогирро, ки ба шахсони нобино имкон медиҳад тавассути ламс кардан роҳи худро пайдо кунанд, пешниҳод намуда, сазовори ҷойи якум ва Ҷоми тиллоӣ гардиданд.

Озмун аввали моҳи ноябр бо ташаббуси Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (ТИКА)  баргузор шуд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Source: Khovar News Agency · khovar.tj