Tuesday, 17 November 2026
Sport

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2026 вориди Қатар шуд

This page is currently available in Tajik only.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2026 вориди Қатар шуд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон-2026 ба пойтахти Қатар шаҳри Давҳа ворид шуд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» баромад мекунад. Ҳарифони футболбозони тоҷик мунтахабҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) мебошанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ ва инчунин ҳашт мунтахаби беҳтарини ҷойҳои сеюм роҳ меёбанд.

Ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати ҷаҳон-2026 баромади муваффақ, бозиҳои ҷолиб ва расидан ба ҳадафҳои гузошташударо таманно дорем!

Source: Varzish TV · varzishtv.tj