Салом, Душанбе бо чунин унвон лоиҳаи ҷадид аз Телевизиони
Душанбе пешниҳод мегардад.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар хона мемонеду, бо тамошои телевизион вақти худро хуш мегузаронед? Мехоҳед суруд, филм, саҳнаҳои
хачвӣ ва дигар барномаҳои ба завқи шумо мувофиқ дар телевизион пахш гардад? Дархости шумо тариқи барномаи
Салом, Душанбе амалӣ карда мешавад.
Тарзи равон намудани дархосту пешниҳоди шумо чунин сурат мегирад.
Телефони мобилии худро гирифта, дар шакли видеоӣ худро сабт намуда, дархости худро баён мекунед ва шакли видеои дархостро ба телеграм ба рақамхои +992905339393 ирсол менамоед.
Мо ҳама дархосту пешниҳодҳои шуморо ба инобат гирифта, дар барнома ҷо менамоем.
Тавассути барномаи Салом, Душанбе иртиботи мо бо Шумо бозҳам наздиктар мегардад.
Source: TV Dushanbe on YouTube · YouTube




