Дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, донишҷӯёни макотиби олӣ, сокинони сарбаланди пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Source: TV Dushanbe on YouTube · YouTube




