ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли равон ба баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур мешавад. Дар ин давра аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ин иҷлосияи тақдирсоз на танҳо коҳиш наёфтааст, балки дар шароити таҳаввулоти минбаъдаи давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ боз ҳам бештар гардида, нақши он дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва гузоштани заминаҳои ҳуқуқии сулҳу субот барҷастатар эҳсос мегардад.
— Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноустувории сиёсӣ, муқовимати мусаллаҳона, халалдор гардидани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва заифшавии механизмҳои таъмини қонуният рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит ҳифзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуд.
Аз нуқтаи назари илмӣ, Иҷлосияи XVI бояд дар робита бо раванди умумии ташаккули давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон баррасӣ гардад. Дар таҳқиқоти ватанӣ он ҳамчун марҳалаи ҳалкунанда дар рафъи буҳрони давлатдорӣ, барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои танзими минбаъдаи осоиштаи низоъ арзёбӣ мешавад. Муҳаққиқон нақши онро дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъкид менамоянд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «дар рафти иҷлосияи таърихӣ ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати тоҷикон, аз ҷумла арзишҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқӣ муайян карда шуданд. Таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз ҷумлаи он арзишҳои ҳуқуқие мебошад, ки дар ҷараёни ин иҷлосия муайян гардидаанд».
Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти Иҷлосияи XVI, пеш аз ҳама, дар барқарор намудани қобилияти давлат барои амалӣ сохтани вазифаҳои соҳибихтиёрӣ ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ баромад намудан ифода меёбад. Субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будани давлат на танҳо мавҷудияти расмии истиқлолият, балки фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, намояндагӣ дар муносибатҳои хориҷӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро низ дар назар дорад. Аз ин рӯ, эҳёи ниҳодҳои қонунии давлатӣ барои иштироки минбаъдаи Тоҷикистон дар раванди байналмилалӣ-ҳуқуқии танзими низои мусаллаҳонаи дохилӣ заминаи зарурӣ фароҳам овард.
Яке аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия ташаккул додани роҳбарияти нави сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ буд. Дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар шароити буҳрони амиқ ин қарор барои ташаккули маркази ягонаи идоракунии давлатӣ ва пешбурди сиёсати барқарорсозии давлатдорӣ аҳамияти муҳим дошт. Минбаъд бо фаъолияти роҳбарияти нави мамлакат ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсиву ҳуқуқии қатъи муқовимати мусаллаҳона, ташкили муколама ва расидан ба оштии миллӣ алоқаманд гардид.
Бояд таъкид намуд, ки интихоби роҳбарияти нав дар шароите ба вуқуъ пайваст, ки масъалаҳои ҳифзи тамомияти арзӣ, амнияти аҳолӣ, барқарорсозии мақомоти давлатӣ ва пешгирии шиддатёбии низоъ аҳамияти фаврӣ доштанд. Аз ин рӯ, қарор танҳо хусусияти кадрӣ надошта, заминаи институтсионалии ташаккули сиёсати давлатиро, ки ба ҳалли низоъ бо воситаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ равона гардида буд, фароҳам овард.
Дар нахустин суханрониҳои расмии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ зарурати ҳифзи давлати соҳибистиқлол, барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимият ва қатъи хунрезӣ таъкид шуданд. Ҳамзамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи расидан ба сулҳро на тавассути идомаи муқовимати мусаллаҳона, балки бо роҳи муколамаи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва музокирот муайян карданд.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин мавқеъ аҳамияти принсипиалӣ дорад, зеро ҳуқуқро на танҳо ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва маҷбуркунии давлатӣ, балки ҳамчун механизми пешгирии хушунат, барқарорсозии тартибот ва расидан ба ризоияти миллӣ муаррифӣ менамояд. Маҳз чунин муносибат минбаъд ба яке аз хусусиятҳои асосии модели сулҳофарии тоҷикон табдил ёфт.
Дар байни қарорҳои муҳими Иҷлосияи XVI санадҳое мавқеи махсус доштанд, ки ба бартараф намудани оқибатҳои муқовимати мусаллаҳона равона гардида буданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1992 «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо содир кардаанд» аҳамияти махсус дошт. Ин қонун озод намудани шахсони дахлдор аз ҷавобгарӣ ва қатъ намудани парвандаҳои тафтишотӣ ва судиро пешбинӣ мекард. Ин механизми ҳуқуқӣ ба қатъи хунрезӣ, пешгирии шиддатёбии низоъ ва фароҳам овардани шароит барои оштии ҷамъиятӣ мусоидат менамуд. Аз мавқеи илми муосир чунин муносибат ҳамчун яке аз унсурҳои адолати давраи гузариш арзёбӣ мешавад, ки дар он зарурати қатъи хушунат ва барқарор намудани сулҳи ҷамъиятӣ низ ба назар гирифта мешавад.
Ҷанбаи дигари муҳими барқарорсозии давлатдорӣ ҳифзи шахсони аз низоъ зарардида ва фароҳам овардани шароит барои бозгашти гурезаҳо буд. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи муҳоҷирони иҷборӣ» мавқеи муҳимро ишғол намуд. Ин санад ба муайян намудани мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони иҷборӣ ва муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳифзи онҳо равона гардида буд.
Самти дигари фаъолияти иҷлосия таҳкими рамзҳои давлатӣ, низоми ҳокимияти давлатӣ ва ягонагии ҳудудии ҷумҳурӣ буд. Дар шароити таҳдиди парокандашавии минбаъдаи давлат ин масъала аҳамияти махсус дошт. Ҳудуди ягона, низоми умумии қонунгузорӣ ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ баромад мекарданд.
Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI таъкид намуданд, ки қарорҳои дар он қабулшуда ба талаботу ормонҳои мардум ҷавобгӯ буда, барои пешгирии фоҷиаи умумихалқӣ ва ҳифзи давлати ҷавони соҳибистиқлол равона гардида буданд. Ҳамчунин нақши Шурои Олиро ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ, ки имконияти таъсиррасонӣ ба вазъият ва ҷустуҷӯи роҳҳои барқарор намудани сулҳу ризоиятро дошт, махсус иброз намуданд.
Аз муқоисаи равишҳои илмии таърихнигорон, сиёсатшиносон ва ҳуқуқшиносон бармеояд, ки Иҷлосияи XVI дорои хусусияти бисёрҷанба мебошад. Таърихнигорон нақши онро дар ҳифзи давлатдории миллӣ, сиёсатшиносон дар рафъи буҳрони сиёсӣ ва ташаккули роҳбарияти нав, ҳуқуқшиносон дар барқарор намудани қонуният ва ниҳодҳои давлатӣ, муҳаққиқони муносибатҳои байналмилалӣ бошанд, дар фароҳам овардани замина барои иштироки байналмилалӣ дар танзими низоъ муҳим арзёбӣ мекунанд.
Чунин дарки ҳамаҷониба имкон медиҳад, ки иҷлосия ҳамчун механизми ҳамзамони барқарорсозии давлатдорӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, ҳифзи башардӯстона ва сулҳофарӣ баррасӣ гардад. Ин унсурҳо бо ҳам робитаи мутақобила доштанд: барқарор намудани мақомоти давлатӣ барои таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бозгашти гурезаҳо барои эҳёи ягонагии иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ бошад, барои оғози муколама ва танзими минбаъдаи низоъ шароит фароҳам оварданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими рушди минбаъдаи давлатдорӣ омода намудани Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Конститутсияи Тоҷикистон аз соли 1978 дигар ба шароити нави давлати соҳибистиқлол мутобиқат намекард. Аз ин рӯ, пас аз Иҷлосияи XVI корҳои таҳияи лоиҳаи Қонуни асосии нав оғоз гардида, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Ҳамин тариқ, байни қарорҳои Иҷлосияи XVI ва рушди минбаъдаи конститутсионӣ пайдарпайии муайяни ҳуқуқӣ вуҷуд дорад: агар иҷлосия заминаи ибтидоии институтсионалии барқарорсозии ҳокимияти давлатиро фароҳам оварда бошад, Конститутсияи соли 1994 принсипҳои асосии давлатдории соҳибистиқлолро дар сатҳи Қонуни асосӣ мустаҳкам намуд. Ин раванд ба Тоҷикистон имкон дод, ки низоми ҳуқуқии худро таҳким бахшида, ҳамкории байналмилалиро густариш диҳад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намояд.
Мавриди гуфтан аст, ки муқовимати мусаллаҳона дар ҷумҳурӣ баъд аз соли 1992 низ идома ёфт ва танзими ниҳоии сиёсӣ раванди тӯлонии музокиротро бо иштироки неруҳои гуногуни сиёсӣ, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ тақозо мекард. Аз ин рӯ, аз нигоҳи илмӣ иҷлосияро ҳамчун бунёди ибтидоии давлативу ҳуқуқӣ ва институтсионалии раванди минбаъдаи оштии миллӣ арзёбӣ намудан дуруст аст.
Маҳз дар ҳамин замина нақши Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар мамлакат зоҳир мегардад. Пас аз интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази раванди барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифта, минбаъд ба ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли низоъ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ташаккули стратегияи музокирот, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, иштирок дар машваратҳои байналмилалӣ ва ба имзо расонидани созишномаҳои дахлдор марҳалаҳои минбаъдаи рушди заминаи ҳуқуқие гардиданд, ки асосҳои он дар давраи Иҷлосияи XVI гузошта шуда буданд.
Аз ин лиҳоз, Иҷлосияи 16-ро метавон нуқтаи ибтидоии ташаккули равиши хоси миллӣ ба сулҳофарӣ арзёбӣ намуд, ки дар он механизмҳои ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ бо ҳам робитаи зич доранд. Барқарорсозии давлат, таҳкими қонуният, тадбирҳои башардӯстона ва ташкили муколамаи сиёсӣ барои гузариш ба марҳалаи нави танзими низоъ замина фароҳам оварданд.
Дар ин замина аҳамияти Иҷлосияи XVI дар доираи илми ҳуқуқи байналмилалӣ аз он иборат аст, ки он барои ташаккули меъмории ибтидоии ҳуқуқии сулҳофарӣ замина гузошт. Дар сатҳи миллӣ ин раванд барқарор намудани ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, бозгашти гурезаҳо ва таъсиси механизмҳои ҳамкории сиёсиро дар бар мегирифт. Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, он ҷалби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди дипломатияи музокиротӣ ва ба расмият даровардани созишҳои ҳосилшударо тавассути санадҳои ҳуқуқӣ дар назар дошт.
Аз ин нуқтаи назар, мафҳуми «оғози роҳи сулҳ» бояд на танҳо ҳамчун арзёбии таърихию сиёсӣ, балки ҳамчун фароҳам овардани шароити институтсионалӣ ва меъёрӣ барои гузариш аз муқовимати мусаллаҳона ба танзими сиёсӣ фаҳмида шавад. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки аҳамияти илмии Иҷлосияи XVI аз арзёбии сирф ҷашнӣ фарқ карда, моҳияти воқеии давлативу ҳуқуқии он муайян карда шавад.
Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Аҳамияти он дар барқарор намудани фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими ягонагии ҳудудӣ ва сиёсиву ҳуқуқии мамлакат, қабули қарорҳои ба ҳифзи башардӯстона нигаронидашуда, ташаккули роҳбарияти нави давлатӣ ва муайян намудани муколамаи сиёсӣ ҳамчун воситаи асосии рафъи низоъ ифода меёбад.
Маҳз пайдарпайии барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи аҳолӣ, барқарор намудани ягонагии иҷтимоӣ, муколамаи сиёсӣ ва оштии миллӣ минбаъд ба яке аз хусусиятҳои асосии таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон табдил ёфт. Ин раванд дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз соли 1997 шакли ниҳоии сиёсӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқии худро пайдо намуд.
Аз ин рӯ, аҳамияти Иҷлосияи XVI на танҳо дар натиҷаҳои бевоситаи он, балки пеш аз ҳама, дар гузоштани асосҳои давлативу ҳуқуқии раванде ифода меёбад, ки Тоҷикистонро аз буҳрони давлатдорӣ ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории соҳибистиқлол раҳнамун сохт.
Дар ин раванд нақши Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмор ва бунёдгузори сулҳу суботи миллӣ ниҳоят муҳим ва таърихӣ мебошад. Сиёсати хирадмандона, иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаашон дар роҳи барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ, фароҳам овардани заминаҳои оштии миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа барои ба даст овардани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ нақши ҳалкунанда гузоштанд. Маҳз бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои созандаашон раванди сулҳи тоҷикон ба марҳалаи нави сиёсиву ҳуқуқӣ ворид гардида, барои барқарорсозии давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда шуд.
Нурулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА,
сарходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии
Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






