ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситоди корӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар кори ситод роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулони соҳаҳои хоҷагии халқ ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Дар ҷаласа омодагии ҳамаҷонибаи сохторҳои дахлдор ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027, пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода иброз намуд, ки бинобар фаро расидани фасли сармо ва эҳтимоли номусоид омадани боду ҳаво тамоми сохторҳои масъул бояд ҳамеша дар ҳолати омодабошии пурра қарор дошта бошанд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ташкилоту идораҳо бояд захираи маводи сӯзишворӣ, озуқаворӣ, масолеҳи зиддилағжиш ва техникаҳои махсуси роҳнигоҳдориро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва фаъолияти мунтазами муассисаҳои иҷтимоӣ татбирҳои саривақтӣ андешанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






