ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои шинонидани ниҳол интихоби дурусти навъ, замин ва нуриҳои минералӣ яке аз қоидаҳои асосӣ дониста мешавад. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи хоси иқлимӣ ниёз дорад, аз ин рӯ, шароити маҳалро низ бояд ба назар гирифт. Беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда — охири моҳи ноябр ва давоми моҳҳои декабру январ аст. Зеро дар ин муддат ниҳол дар ҳолати оромии биологӣ қарор доранд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров.
Ҳамасола дар мавсими тирамоҳу баҳор маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида мешавад. Барои сабзиши дарахт ва бунёди боғ ниҳолҳои як ё дусола интихоб карда мешаванд, зеро онҳо нисбат ба дарахтони калонсол тезтар ба хок мутобиқ мегарданд. Решаи ниҳол бояд комилан солим бошад. Агар решаҳо ҳангоми интиқол каме хушк шуда бошанд, онҳоро пеш аз шинонидан давоми 12-24 соат бояд дар об нигоҳ дошт.
«Барои ниҳолҳои мевадиҳанда кандани чуқурии аз 60 то 80 сантиметр тавсия дода мешавад. Андозаи чуқурӣ бояд нисбат ба ҳаҷми реша камаш ду баробар калон бошад. Ҳангоми кандани чуқурӣ хоки онро бояд ба се қисм ҷудо кард: болоӣ, миёна ва поёнӣ. Вақти шинонидани ниҳол аввал хоки қисми боло, сипас қисми миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мерезем. Инчунин ба хоки қисмати болоӣ ҳамроҳ кардани 50-60 грамм нуриҳои минералӣ барои инкишофи ниҳол хеле муфид аст. Поруи тару тозаро ба чоҳ рехтан мумкин нест, зеро он решаҳои нозуки ниҳолро месӯзонад»,-афзуд доктори илмҳои кишоварзӣ.
Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки пеш аз хокпӯш кардани решаҳо ба он об рехтан зарур аст. Пас аз рехтани хок болои онро бо зарб, махсусан бо пой фишор надиҳед. Барои нигоҳ доштани намӣ атрофи бехи ниҳолро бо хасу шоха, алафи хушк ва ё хокаи чӯб пӯшонидан зарур аст.
Дар мавриди хушк шудани дарахтони ороишию сояафкан таъкид гардид, ки шинонидани ин гуна дарахтон аз ниҳолҳои мевадиҳанда фарқ дорад. Барои ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз тавсия дода мешавад, ки решаи онҳо бо хокашон дар халтаҳои махсуси пахтагин печонида шуда, сипас шинонида шаванд, зеро решаҳои онҳо бениҳоят ҳассосанд. Инчунин чуқурии ин гуна дарахтон бояд калонтар — на камтар аз 1 ё 1,5 метр бошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ дар се марҳила: тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор гузаронида мешавад. Баландии ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш ёфтаанд, бояд аз 110 то 150 сантиметр ва ғафсии танаи онҳо аз 15 то 25 миллиметрро ташкил диҳад. Ҳамчунин решаи ниҳол бояд нағз инкишофёфта ва дорои 3-4 шохаи асосӣ бошад.
Барои гирифтани ҳосили баланд бояд ба тарзи буриши (шаклдиҳии) шохҳо аҳамият дод. Шохҳои беҳосил ва зиёдатӣ сабзиши шохҳои ҳосилдеҳро бозмедоранд, бинобар ин онҳоро бояд тавре бурид, ки ба дарахт зарар нарасад ва боиси хушкшавии он нагардад.
Барои нашъунамои хуб истифодаи поруи маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ муфид аст. Яке аз усулҳои дигари ҳосили хуб ва боэътимод ин аст, ки дар моҳҳои декабр ва январ ба боғ яхоб дода шавад. Яхоб ниҳолро дар ҳолати карахтӣ нигоҳ дошта, онро аз сардиҳои ногаҳонии аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм кардани хоки атрофи бехи ниҳолҳо диққат додан зарур аст, то ки ҳангоми кор ба решаҳо зиён нарасад.
Боғпарварон бояд қабл аз бунёди боғ хусусияти қитъа, намуди дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кунанд. Ҳангоми тарҳрезии боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппаҳо ва баландиҳо навъҳои ба хунукии зимистон тобоварро ҷойгир намоянд. Қаторҳои дарахтон бояд аз шимол ба ҷануб нигаронида шаванд, ки ин усул барои бо рӯшноиву гармии Офтоб беҳтар таъмин шудани дарахтон мусоидат мекунад.
Ҳадафи асосии ниҳолшинонӣ — зиёд намудани майдони боғу токзор, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии босифат, корхонаҳо бо ашёи хом, рушди содирот, коҳиш додани вобастагӣ аз молҳои воридотӣ ва таъсиси ҷойи нави кор мебошад. Инчунин ин амал ба татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлиму таназзули замин ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера кумак мерасонад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






