ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 21 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси экологӣ мавриди амал қарор гирифт. Ин санад аз 3 фасл, 37 боб ва 497 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии танзими муносибатҳои экологиро муайян менамояд. Ҳадафи асосии он ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва кафолати ҳуқуқҳои субъектҳои муносибатҳои экологӣ мебошад.
–Тибқи муқаррароти кодекс, замин, об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, қабати озон, олами набототу ҳайвонот, гуногунии биологӣ, экосистемаҳо, ландшафтҳо ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷумлаи объектҳои экологӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳифзи ин объектҳо аз ифлосшавӣ, нобудшавӣ, вайроншавӣ, камшавӣ ва дигар таъсирҳои номатлуби фаъолияти инсон яке аз вазифаҳои асосии қонунгузории экологӣ мебошад.
Ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон
Яке аз масъалаҳои муҳимми дар Кодекси экологӣ инъикосёфта таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити зисти мусоид ва муайян намудани уҳдадориҳои онҳо дар самти ҳифзи табиат мебошад.
Тибқи муқаррароти кодекс, ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар муҳити барои ҳаёт ва саломатӣ мусоид зиндагӣ намояд, аз мақомоти давлатӣ оид ба вазъи муҳити зист маълумоти пурра ва дақиқ дастрас кунад, дар чорабиниҳои экологӣ иштирок намояд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳифзи муҳити зист таъсис диҳад.
Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд ҳангоми расонидани зарар ба муҳити зист, саломатӣ ва молу мулки худ бо тартиби муқарраргардида ба суд муроҷиат намуда, ҷуброни зарари расонидаро талаб намоянд.
Дар баробари ҳуқуқҳо шаҳрвандон уҳдадоранд табиат ва захираҳои табииро ҳифз карда, онҳоро оқилона истифода баранд, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ мусоидат намоянд ва ҳангоми ошкор намудани садамаю хатарҳои экологӣ сари вақт ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ дар ин раванд нақши муҳим доранд. Онҳо ҳуқуқ доранд дар таҳия ва татбиқи барномаҳои экологӣ иштирок намуда, аҳолиро ба чорабиниҳои ҳифзи табиат ҷалб кунанд, ба мақомоти давлатӣ пешниҳод ирсол намоянд ва барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон оид ба ҷуброни зарари экологӣ ба суд муроҷиат кунанд.
Ҳамзамон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд талаботи қонунгузории экологиро риоя намуда, дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.
Кафолатҳои давлатӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи экологӣ
Моддаи 10-и Кодекси экологӣ низоми чораҳои давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити зисти мусоид муайян менамояд. Ин чораҳо хусусияти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, ба беҳтар намудани сифати муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ равона шудаанд.
Аз ҷумла, ҳифзи гуногунии биологӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, пешгирии зарари экологӣ, рушди низоми назорати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ аз самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошанд. Ҳамчунин ҳангоми ҷойгир намудани объектҳое, ки фаъолияти онҳо метавонад ба муҳити зист таъсири манфӣ расонад, афкори аҳолии минтақаи дахлдор ба назар гирифта мешавад.
Мувофиқи моддаи 11-и ин санад рақамикунонии соҳаи экологӣ тавассути таъсиси «Низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ ва захираҳои иттилоотӣ» амалӣ карда мешавад. Ин низом барои дастрасии васеи аҳолӣ ба иттилооти экологӣ, назорати вазъи муҳити зист, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ замина фароҳам меорад.
Принсипҳои асосии қонунгузории экологӣ
Қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳое асос ёфтааст, ки самтҳои асосии фаъолияти давлат, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандонро дар самти ҳифзи табиат муайян менамоянд.
Мувофиқи моддаҳои 12–24-и Кодекси экологӣ, принсипҳои асосии қонунгузории экологӣ инҳо мебошад:
Принсипи пешгирӣ. Ҳадафи он пешгирии ифлосшавӣ ва зарари экологӣ пеш аз ба вуҷуд омадани оқибатҳои манфӣ мебошад. Барои ин ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ бояд тамоми тадбирҳои зарурии ҳифзи муҳити зист андешида шаванд.
Принсипи эҳтиёткорӣ. Ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли расонидани зарари ҷиддӣ ва бебозгашт ба муҳити зист, ҳатто дар ҳолати нокифоя будани маълумоти илмӣ ва техникӣ андешидани тадбирҳои пешгирикунанда зарур мебошад.
Принсипи ислоҳнамоӣ. Зарари ба муҳити зист расонида бояд пурра бартараф карда шавад. Дар ҳолати имконнопазир будани бартарафсозии пурра оқибатҳои он то ҳадди имкон кам карда шуда, чораҳои алтернативии барқарорсозӣ амалӣ мегарданд.
Принсипи мутаносибӣ. Чораҳои ҳифзи муҳити зист бояд ба мақсад ва вазифаҳои қонунгузории экологӣ мувофиқ буда, барои ба даст овардани натиҷаи зарурӣ кофӣ бошанд.
Принсипи «ифлоскунанда пардохт мекунад». Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо боиси ифлосшавии муҳити зист мегардад, вазифадоранд хароҷоти пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфии фаъолияти худро ҷуброн намоянд.
Принсипи рушди устувори экологӣ. Истифодаи захираҳои табиӣ бояд бо назардошти манфиатҳои наслҳои ҳозира ва оянда амалӣ шуда, ба ҳифзи экосистемаҳо, сарфаи обу энергия ва кам кардани партовҳо мусоидат намояд.
Принсипи ҳамгироӣ. Ҳангоми таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ бояд талаботи экологӣ ба назар гирифта шуда, рушди иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист ҳамоҳанг карда шавад.
Принсипи дастрасии иттилооти экологӣ. Давлат дастрасии шаҳрвандонро ба маълумоти марбут ба вазъи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин менамояд.
Принсипи иштироки ҷомеа. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муҳокима ва қабули қарорҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист иштирок намоянд. Мақомоти давлатӣ вазифадоранд шаффофияти чунин равандҳоро таъмин кунанд.
Принсипи муносибати экосистемавӣ. Ҳангоми қабули қарорҳо бояд ҳифзи экосистемаҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва нигоҳдории мувозинати экологӣ ба назар гирифта шавад.
Принсипи рушди иқтисоди «сабз». Ин принсип ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва рушди истеҳсолоту истеъмоли устувор равона гардидааст.
Принсипи «риояи эҳтиёткорӣ». Ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, коркард ва нобудсозии партовҳои хатарнок бояд қоидаҳои бехатарӣ риоя гардида, фаъолияти иштирокчиёни ин раванд бо тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шавад.
Принсипи «хариди сабз». Ҳангоми хариди мол, кор ва хизматрасонӣ ба маҳсулоте афзалият дода мешавад, ки ба муҳити зист таъсири камтар расонида, дараҷаи заҳролудӣ ва хатарнокии паст доранд.
Бамеъёрдарории сифати муҳити зист
Яке аз механизмҳои муҳими танзими муносибатҳои экологӣ бамеъёрдарории сифати муҳити зист мебошад. Тибқи арзёбии ин кодекс мақсади он муайян намудани ҳадди ҷоизи таъсир ба муҳити зист дар асоси меъёрҳои илмӣ мебошад.
Ин меъёрҳо барои таъмини амнияти экологӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, нигоҳдории сифати ҳавои атмосфера, об, замин, олами набототу ҳайвонот ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд. Ба ин восита таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист дар доираи меъёрҳои муқарраргардида танзим карда мешавад.
Дастрасӣ ба иттилооти экологӣ-кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон
Моддаи 61-и Кодекси экологӣ ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дастрасӣ ба иттилооти экологӣ кафолат медиҳад.
Тибқи муқаррароти он, шаҳрвандон ва ташкилот метавонанд барои гирифтани маълумот оид ба вазъи муҳити зист ба моликони чунин иттилоот муроҷиат намоянд. Моликони иттилооти экологӣ вазифадоранд шароити заруриро барои дастрасӣ ва шиносоӣ бо маълумоти дахлдор фароҳам оварда, ҳангоми зарурат ба дархостҳо ҷавоби расмӣ пешниҳод кунанд.
Ҳамчунин рад намудани пешниҳоди иттилооти экологӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи кодекс манъ аст. Дар ҳолати таъмин нагардидани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ё пешниҳод шудани маълумоти беэътимод шаҳрвандон метавонанд ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят намоянд.
Ин муқаррарот барои баланд бардоштани шаффофият, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳифзи муҳити зист ҳангоми муомилот бо партовҳо
Масъалаи ҷамъоварӣ, интиқол, коркард ва безараргардонии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ низ дар Кодекси экологӣ мавқеи муҳим дорад.
Мувофиқи моддаи 489-и кодекс, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд барои кам кардани ҳосилшавии партовҳо, ҷамъоварӣ, интиқол, коркард, безараргардонӣ ва ҷойгиронии дурусти онҳо тадбирҳои самарабахш андешанд.
Партофтани партовҳои саноатӣ ва обҳои тозанашудаи корезӣ ба обанборҳои истифодаи умум, маҷроҳои селрав, каналҳои обёрӣ, ҷангалзор ва киштзор манъ мебошад.
Ҳамчунин гӯронидани партовҳои хатарнок, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, назди дарёю кӯлҳо, минтақаҳои осоишгоҳӣ ва дигар ҳудудҳое, ки метавонанд ба саломатии инсон ва муҳити зист хатар эҷод намоянд, иҷозат дода намешавад. Риоя накардани талаботи мазкур метавонад боиси маҳдуд ё боздоштани фаъолияти корхона ва дигар объектҳо то бартараф намудани камбудиҳо гардад.
Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси экологӣ
Мувофиқи моддаи 494, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ин муқаррарот масъулияти истифодабарандагони захираҳои табиӣ, корхонаҳо ва дигар субъектҳои муносибатҳои экологиро тақвият бахшида, барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Кодекси экологӣ-заминаи ҳуқуқии рушди устувор
Қабули Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти такмили заминаи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши таъсири фаъолияти инсон ба табиат ва зарурати ҳифзи захираҳои табиӣ татбиқи самараноки муқаррароти Кодекс аҳаммияти бештар касб менамояд.
Иҷрои талаботи санади мазкур ба пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҳифзи захираҳои обу замин, нигоҳдории гуногунии биологӣ, тақвияти назорати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Зеро ҳифзи муҳити зист танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти муштараки ҳар шаҳрванд, ташкилоту муассиса ва тамоми ҷомеа мебошад. Муносибати эҳтиёткорона нисбат ба табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои он кафили зиндагии солим ва ояндаи устувори наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






