ДУШАНБЕ, 22.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, зимни иқдом дар ҳудуди майдони Боғи Парчами давлатӣ беш аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабзи арча шинонида шуд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода таъкид намуд, ки ҳифзи муҳити зист, ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини дарахту буттаҳо аз самтҳои муҳими корҳои ободонию созандагӣ ба шумор рафта, дар ин раванд саҳми ҳар як сокин, бахусус ҷавонон, аҳаммияти хосса дорад.
Иброз гардид, ки шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ на танҳо ба зебоии муҳити зист ва ободонии маҳал мусоидат менамояд, балки дар ҳифзи экосистема, беҳтар гардидани вазъи экологӣ ва нигоҳдории тавозуни табиӣ низ нақши муҳим дорад.
Чунин иқдомҳо ҳамзамон дар татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» саҳми назаррас мегузоранд.
Ниҳолҳои шинонидашуда дар оянда ба боз ҳам зебову сабзу хуррам гардидани ҳудуди майдони Парчами давлатӣ, беҳтар шудани сифати муҳити зист ва ғанӣ гардонидани фазои сабзи ноҳия мусоидат хоҳанд кард.
Мавриди тазаккур аст, ки баргузории чунин иқдомҳои созанда дар баробари ободонии муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологӣ, инчунин дар байни аҳолӣ, бахусус насли ҷавон, ҳисси масъулиятшиносӣ, фарҳанги созандагӣ ва муҳаббат ба табиати диёрро тақвият мебахшад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






