ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар ноҳияи Хуросон дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва ҳифзи муҳити зист бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ бо маслиҳати мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, дар қитъаи шафати километри 42-юми роҳи мошингарди Бохтар–Душанбе беш аз 1000 бех ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд, ки ба беҳтар намудани муҳити зист мусоидат мекунанд. Аз ин шумора 700 бех ниҳоли дарахти сӯзанбарг, 400 бех бодом ва 40 бех писта мебошанд.
Маъракаи мазкур дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, вусъат бахшидани корҳои сабзазоркунӣ ва фароҳам овардани муҳити солими зист амлӣ гардида, ҳадафи он афзун намудани майдони сабз, беҳтар кардани вазъи экологӣ ва зебову назаррабо гардонидани ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Интихоби дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда барои сабзазоркунии канори роҳ аҳаммияти муҳим дошта, дар оянда ба беҳтар гардидани ҳолати экологӣ, ғанӣ шудани фазои сабз ва зебоии муҳити атроф мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон бунёди чунин ниҳолзор дар канори роҳҳои автомобилгард барои коҳиш додани таъсири чангу ғубор ва беҳтар намудани сифати ҳаво низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Зимнан ба нигоҳубини ниҳолҳои шинонида таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки барои сабзиши хуб ва ҳифзи дарахтон масъулини соҳа бояд обёрии мунтазам, нарм намудани бехи ниҳолҳо, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва назорати доимии ҳолати онҳоро таъмин намоянд. Зеро самараи корҳои сабзазоркунӣ аз нигоҳубини дуруст ва муносибати масъулона ба ҳар ниҳоли шинонида вобаста мебошад.
“Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим ҳар бех ниҳоли шинонида саҳми мустақим дар беҳдошти саломатии аҳолӣ ва ҳифзи табиат аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки сохторҳои марбута ва сокинони вилояти Хатлон ин иқдоми созандаро дар ҳама шаҳру ноҳияҳо вусъат бахшида, барои сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи диёр талош намоянд”,-таъкид намуд муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Хуросон оғози марҳилаи навбатии корҳои сабзкорӣ дар вилояти Хатлон буда, идомаи он барои боз ҳам ободу сарсабз гардидани минтақа ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои наслҳои имрӯзу оянда замина мегузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






