ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар «Боғи Парчами миллӣ» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчам — роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш бо мақсади такмили донишу малакаи иштирокчиён викторина гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муқаддаси миллӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакат ба шумор меравад».
Гуфта шуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар шароити имрӯза, ки масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти махсус дорад, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба Парчами давлатӣ вазифаи муҳим ба шумор меравад. Дар ин раванд нақши оила, махсусан модарон ва занону духтарон дар тарбияи фарзандон ва дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллию арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон хеле назаррас мебошад.
Занон ҳамчун тарбиятгарони насли оянда дар ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан саҳми арзанда доранд. Аз ин рӯ зарур аст, ки дар ҳар оила эҳтиром ба Парчами давлатиро ҳамчун рамзи муқаддаси соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ шуморида, аз овони кӯдакӣ дар зеҳни фарзандон ин муқаддасотро ҷой диҳад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






