Вторник, 24 ноября 2026
Новости

Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ, аз ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба ин фаъолият дар шакли худшуғл машғуланд, тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин дастур аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 23 ноябр зимни баргузории ҷаласаи комиссия дода шуд.

Бо мақсади коҳиш додани хароҷоти ронандагон ва бартараф намудани маҳдудияти маъмурӣ қарор қабул гардид, ки пардохти 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути таксиҳо бекор карда шаванд.

Ин тадбир бо назардошти таҷрибаи муваффақи давлатҳои минтақа ба роҳ монда шуд. Зарур шуморида шуд, ки механизми нави танзиму фаъолияти таксиҳо татбиқ карда шавад ва барои ба расмият даровардани фаъолияти таксиҳои ғайрирасмӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, кам кардани монеаҳои маъмурӣ шароит фароҳам оварда шавад.

Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро бозбинӣ карда, расмиёти ҳуҷҷатгузориро сода гардонида, масъалаи ҷудо намудани квота барои фаъолияти таксиро ихтисор намоянд.

Дастур дода шуд, ки то муҳлати зарурӣ сохторҳои мазкур байни ронандагон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба тартиби муроҷиат ва гирифтани иҷозатнома васеъ ба роҳ монанд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj