ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Панҷакент ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии идона ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Чорабинӣ бо роҳпаймоии ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон, собиқадорон ва донишҷӯён дар хиёбони марказии ба номи устод Рӯдакӣ оғоз гардид. Дар майдони Парчам дар назди пояи 55-метраи ливои миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд.
Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси асосии давлатдорӣ ва рамзи бахту саодат, ваҳдат ва истиқлолияти миллат мебошад. Ҳамасола дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани ин санаи таърихӣ нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва эҳтироми волои шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ аст.
Иброз гардид, ки мардуми шарифи мамлакат зери ин ливои муқаддас муттаҳид шуда, барои истиқболи сазовори 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






