ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сокинони гуногункасб роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иброз гардид, ки миллати сарфарозу тамаддунофари ориёии тоҷик аз рӯзе, ки соҳибдавлат гардид, ҳамеша соҳиби парчам буд. Аз таърихи парчамдорӣ маълум аст, ки ин нишони муқаддас ба халқ дар масири созандагӣ, ба паҳлавонон дар мусобиқаҳо ва ба ҷанговарон дар арсаи набард руҳу неруи бузург мебахшад. Бинобар ин миллатҳо мутобиқи таъриху фарҳанг ва ҷойгиршавии макони зисташон рамзу аломат ва нишонаю рангҳои гуногунро барои парчам интихоб мекарданд.
Тоҷикони дорои ғурур ва ҳувияти баланди миллӣ дар парчамҳояшон акси шеру уқобро, ки қудрату баландпарвозиро нишон медиҳад, тасвир менамуданд.
Аз ҷумла, дар парчами Куруши Кабир уқоб ҳамчун рамзи қудрату тавоноӣ нигошта шуда буд. Ливои Коваи Бузург, ки аз чарм бар нӯги найза барафрохта шуда буд, аз муборизаю фидокориҳои ниёгони сарбаланду шарифи халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Парчами миллии серангаи халқи тоҷик масири тайкардаи миллатро дар гузашта инъикос намуда, имрӯзи пурсаодат ва ояндаи дурахшонро таҷассум менамояд. Ҳар фарди баору номус ба тоҷу ситораҳои он нигоҳ намуда, аз баландии фитрати тоҷик ва устувории давлати тоҷик ифтихори бузург мекунад. Яке аз нишонаҳои ифтихороти бузурги ин миллати соҳибтамаддун пайваста боло гардидани Парчами давлатии Тоҷикистон баробар бо парчамҳои давлатҳои дигар дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






