ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар он ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра ва шиору овезаҳои ватандӯстона фаъолона иштирок намуданд.
Тавре аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин роҳпаймоии идона беш аз 1500 нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуда, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ эҳтироми худро ба яке аз рамзҳои муқаддаси асосии давлатдорӣ — Парчами давлатӣ иброз доштанд.
Бояд гуфт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, иттиҳоди мардум ва ҳастии давлат дар таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавон нақши муҳим дорад. Арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси миллӣ ифодаи эҳтиром ба давлатдорӣ, таърих ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.
Чунин иқдомҳои ватандӯстона дар байни ҷавонон ҳисси ифтихор аз давлату давлатдорӣ, эҳтиром ба рамзҳои миллӣ ва садоқат ба Ватанро тақвият бахшида, ба тарбияи насли худогоҳу масъулиятшинос ва ояндасоз мусоидат менамоянд. Зеро Парчами давлатӣ таҷассумгари орзуву ормонҳои миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






