Четверг, 26 ноября 2026
Новости

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 ноябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Комиссия баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ фароҳам оварда шудаанд.
Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 ҷиҳати пешбурди ислоҳот имкониятҳои нав ба вуҷуд овардаанд.
Зикр шуд, ки дар доираи ташаккули заминаи ҳуқуқии соҳа зиёда аз 77 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 3500 сохторҳои давлатӣ пайваст шуда, беш аз 120 хизматрасониҳои давлатӣ тариқи портали электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Гузариш ба хизматрасониҳои пурраи электронӣ ва сатҳи ҳамгироии низомҳои соҳавӣ тақвиятро тақозо менамояд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулияти шахсии роҳбарони вазорату идораҳоро барои натиҷаи ислоҳоти рақамӣ ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ бо беҳтар шудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳо, коҳиши расмиёти зиёдатӣ, шаффофияти амалиёт ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ арзёбӣ шавад.
Ҳамгироии низомҳо, пешгирии хароҷоти такрорӣ, муносибгардонии равандҳо, ихтисори ҳуҷҷатҳои нолозим бояд ҷузъи доимии татбиқи ислоҳот бошанд.
Вобаста ба ин, таҳия ва татбиқи нақшаҳои мукаммали соҳавии рақамикунонӣ вазифаи аввалиндараҷа муайян гардид.
Нақшаҳо бояд бо муайян намудани шахсони масъул, нишондиҳандаҳои ченшаванда ва муҳлатҳои мушаххас таҳия шуда, тамоми соҳаро фаро гиранд.
Дар рафти ҷаласа, масъалаи такмили танзими фаъолияти таксиҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо назардошти таҷрибаи муваффақи кишварҳои минтақа зарур аст механизми нави танзим фаъолияти таксиҳо ҷорӣ карда шавад, ки барои ба расмият даровардани фаъолияти таксиҳои ғайрирасмӣ, бо шуғлии доимми фаро гирифтани шаҳрвандон ва кам кардани монеаҳои маъмурӣ шароит фароҳам оварда шавад.
Бо ин мақсад, супориш дода шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро бозбинӣ карда, расмиёти ҳуҷҷатгузориро содда гардонида ва масъалаи ҷудо намудани квота барои фаъолияти таксиро ихтисор намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои лоиҳаи озмоишӣ, тартиби содагардонидашудаи гирифтани иҷозатнома, аз ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти таксӣ ба таври худшуғл машғул мешаванд, тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.
Дастур дода шуд, ки тартиби мазкур аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор дода шавад ва то ин муҳлат сохторҳои масъул бояд миёни ронандагон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба тартиби муроҷиат ва гирифтани иҷозатнома васеъ ба роҳ монанд.
Дар бахши молияи давлатӣ масъалаҳои гузариш аз ҳуҷҷатгузории коғазӣ ба идоракунии электронӣ ва ҳамгироии низомҳои мавҷуда муҳокима шуданд.
Ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки рафти рақамикунонии тамоми марҳалаҳои ташаккул, тасдиқ, иҷро ва назорати буҷетро таҳлил намуда, барои бартараф кардани расмиёти такрорӣ ва ҷорӣ намудани равандҳои ягонаи электронӣ чораҳои мушаххас пешбинӣ намоянд.
Дар самти андозбандӣ зарурати содагардонии бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва санҷишҳо, инчунин коҳиши амалиёти дастӣ ва пешгирии санҷишҳои такрорӣ таъкид гардид.
Масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ, истифодаи самараноки технологияҳои назоратӣ дар гузаргоҳҳо, ва рушди механизмҳои рақамии воридот, аз ҷумла барои молҳои савдои электронӣ баррасӣ гардида, дар ин самт низ дастурҳои мушаххас дода шуанд.
[26.11.2026 12:02] Jamshed Doniyorzoda: Махсус таъкид гардид, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукие, ки бо низомҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурии технологӣ таъмин мебошанд, минбаъд ба ҳолатҳои барасмиятдарории молу маҳсулот бидуни истифодаи расмиёти электронӣ ва имкониятҳои мавҷудаи технологӣ қатъиян роҳ дода нашавад.
Назорати иҷрои қарорҳои Комиссия ва арзёбии натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва самаранокии идоракунии давлатӣ равона карда шаванд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳо, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои воқеии ислоҳоти рақамӣ дастурҳои дахлдор дода шуд.

Источник: Исполнительный орган власти г. Душанбе · dushanbe.tj