ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои «Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бахшида ба 32-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Таҳкимбахши Истиқлоли Ватан» озмун баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд, дар озмун аъзову ҷонибдорони ҳизб, кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин мутахассисони гуногункасбе, ки дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои баланди касбӣ шарафёб гардида, эҳтироми ҷомеаро ба даст овардаанд, иштирок карда метавонанд.
Баргузории озмуни «Таҳкимбахши Истиқлоли Ватан» имкон медиҳад, ки мутахассисони касбӣ ва таҷрибадор ҳавасманд гарданд ва дастовардҳои онҳо ҳамчун таҷрибаи пешқадам барои кадрҳои ҷавон муаррифӣ карда шавад. Озмун идомаи мантиқии чорабиниҳои ҷашнии ҳизбӣ маҳсуб шуда, ба пойдорӣ, ҳифз ва рушди устувори соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Озмун аз рӯйи номинатсия ва шартҳои зерин гузаронида мешавад:
– таблиғгари Истиқлоли Ватан;
– парчамбардори Ватан;
– васфи Ватан ва Истиқлол;
– муҳофизи дастовардҳои Истиқлоли Ватан;
– бунёдкору созанда ва ободгари диёр;
– тарбиятгари худшиносию ватандӯстӣ;
– ҳифзи солимии миллат ва генофонди мамлакат;
– таъмини амнияти озуқаворӣ.
Озмун дар арафаи таҷлили ҷашни 32-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои Соли вусъат додани корҳои созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷоиза ва Диплом қадрдонӣ мегарданд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 25 ноябр то 5 декабри соли 2026 дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор муқаррар гардидааст.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






