Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Исмоли Сомонӣ масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян намудани сабабу омилҳои ба чунин ҳолатҳо мусоидаткунанда ва роҳҳои тақвияти ҳамкории мақомоти дахлдор дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, кӯдакон ва дигар аъзои оила мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори ҷаласа роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, масъулини МИҲД-ии ноҳия, инчунин намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок доштанд. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки таҳкими оила, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи инсон, таъмини амнияти занону кӯдакон ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мераванд. Иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, ки оилаи солим асоси ҷомеаи устувор буда, пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, пеш аз ҳама, аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию ахлоқии шаҳрвандон, эҳтироми мутақобилаи аъзои оила ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд вобастагии зиёд дорад. Ҳамзамон, зарурати расонидани кумаки саривақтии ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ба шахсони осебпазир таъкид карда шуд. Дар идомаи ҷаласа вазъи мавҷуда ва омилҳои иҷтимоию ҳуқуқии ба содиршавии зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд. Аз ҷумла, зарурати тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои иҷтимоӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва фаъолони маҳаллаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа ба сохторҳои масъул пешниҳод шуд, ки ҷиҳати ошкорсозии саривақтии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, бартараф намудани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон ва пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид.
Эта страница пока доступна только на таджикском языке.




