ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои иқдоми «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои мамлакат 305 маҳфили фанҳои мазкур фаъолият менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо назардошти рушди босуръати илму техника, технологияҳои муосир ва нақши афзояндаи донишҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар пешрафти ҷомеа масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими ин фанҳо ва омода намудани насли дорои тафаккури илмӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад.
Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 пешниҳод гардид, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Дар асоси ин ташаббус бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, солҳои 2020–2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардиданд.
Маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Бо мақсади татбиқи ин иқдоми муҳим дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ густариш ёфтааст. Дар айни замон дар муассисаҳо 101 маҳфили химия бо фарогирии 1650 нафар, 55 маҳфили физика бо фарогирии 775 нафар, 75 маҳфили биология бо фарогирии 1925 нафар ва 74 маҳфили математика бо фарогирии 2563 нафар ташкил гардидааст. Шумораи умумии таълимгирандагони ин маҳфилҳо 6 ҳазору 913 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин барои беҳтар намудани сифати таълими маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дастури методии «Намунаи барномаҳои таълимӣ барои маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ва дастури таълимии «Эталон» барои маҳфилҳои математика таҳия гардида, бо қарори Шурои миллии таҳсилот тасдиқ шудаанд.
Таъсиси озмоишгоҳи инноватсионӣ
Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ истифодаи усулҳои муосири таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши амалӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар ин самт бо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз соли 2017 то ин ҷониб дар 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 67 озмоишгоҳи инноватсионӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд.
Ба иттилои директори марказ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 озмоишгоҳ, вилояти Суғд 18 озмоишгоҳ, вилояти Хатлон 22 озмоишгоҳ, шаҳри Душанбе 3 озмоишгоҳ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 озмоишгоҳи инноватсионӣ ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосии таъсиси ин озмоишгоҳҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тафаккури техникӣ, қобилияти ихтироъкорӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва омода намудани кӯдакону наврасон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 187 маҳфили равияи эҷодиёти техникӣ фаъолият дошта, дар онҳо 6 ҳазору 94 нафар таълимгиранда ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Ҳамасола аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» ва «Нобиғаи наврас» низ баргузор карда мешаванд. Озмуни «Ихтироъкори наврас» аз рӯйи номинатсияҳои технологияҳои иттилоотӣ, навоварӣ ва навҷӯӣ, инчунин лоиҳаҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ доир мегардад. Озмуни «Нобиғаи наврас» самтҳои математика, физика, химия ва биологияро фаро мегирад.
Мақсад аз чунин иқдом баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои мазкур, рушди тафаккури мантиқӣ, таҳлилӣ ва техникии хонандагону ҷавонон, тақвияти қобилияти эҷодкориву ихтироъкорӣ, амалӣ намудани усулҳои муосири таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Дар ин раванд дар баробари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ низ дар дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, ташаккули малакаҳои амалӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши илмҳои муосир саҳми назаррас доранд.
Идомаи чунин тадбирҳо ба ташаккули насли донишманду эҷодкор, дорои тафаккури техникӣ ва қобилияти ихтироъкорӣ, инчунин омода намудани кадрҳои соҳибкасбу рақобатпазир барои пешрафти минбаъдаи мамлакат мусоидат мекунад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj
