Пятница, 27 ноября 2026
Новости

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон бо иштироки беш аз 60 ширкати ватанӣ ва 15 ширкати лаҳистонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи чорабинӣ густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои шарикии мутақобили судманд байни соҳибкорони ду мамлакат мебошад.

Иштирокчиён соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти рангубор, қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ва мошинсозӣ, маводи кимиёвии маишӣ, саноати нассоҷӣ, истеҳсоли систернаҳо барои соҳаи шир, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти гов, саноати хӯрокворӣ ва тақсимоти маҳсулоти ғизоӣ, техникаи кишоварзӣ, энергетика ва гидроэнергетика, системаҳои амниятӣ ва огоҳсозии аҳолӣ, инчунин технологияҳои иттилоотӣ (IT)-ро намояндагӣ намуданд.

Дар доираи форум гуфтушунидҳои дуҷониба дар шакли B2B баргузор гардиданд. Намояндагони ширкатҳои ду мамлакат дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои тиҷоратиро табодули назар ва робитаҳои нави соҳибкориро ба роҳ монданд. Чунин чорабиниҳо ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, дарёфти шарикони боэътимод ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат менамоянд.


АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj