Понедельник, 23 ноября 2026
Новости

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ

Имрӯз, 16 сентябри соли 2026, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ семинари омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар семинар мутахассисони соҳаҳои хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, низоми пардохтҳои рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ иштирок намуда, доир ба истифодаи Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва асосҳои амнияти иттилоотӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳадафи семинар баланд бардоштани саводнокии рақамӣ, тавсеаи истифодаи хизматрасониҳои электронӣ ва ташаккули фарҳанги дурусти истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.