Четверг, 12 ноября 2026
Культура

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе монографияи дастҷамъонаи «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Асар аз ҳафт бахш иборат буда, масъалаҳои давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол, ташаббусҳои давлатӣ ва афзалияти миллӣ, рушди сармояи инсонӣ ва соҳаи иҷтимоию гуманитарӣ, ташаккули сиёсати хориҷӣ, дипломатияи бисёрҷониба ва ташаббусҳои байналмилалӣ, воситаҳои муосири дипломатия ва натиҷаву дурнамои стратегияи рушди Тоҷикистонро фаро мегирад.

Дар мақолаҳои бахши якум ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқии стратегияи рушд ва марҳилаҳои инкишофи ниҳодҳои давлатӣ баррасӣ шудаанд. Бахши дуюм ба афзалияти миллӣ, аз ҷумла рақамикунонии идоракунии давлатӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, энергетика, саноатикунонӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар бахши сеюм маориф, ҷавонон, сиёсати гендерӣ, фарҳанг, ҳувияти миллӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди иҷтимоию гуманитарӣ инъикос ёфтаанд.

Мавзуъҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, дипломатияи сулҳ, ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои таҳкими сулҳ, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин дипломатияи иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар бахшҳои минбаъда ҷой дода шудаанд. Бахши ниҳоӣ ба натиҷаҳо ва дурнамои стратегияи рушди кишвар, нақши сармояи инсонӣ, банақшагирии стратегӣ ва масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.

Мазмуни китоб имкон медиҳад, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол аз дидгоҳҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардад.

Китоб барои муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантон ва донишҷӯёни равияҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Он ҳамчунин метавонад барои доираи васеи хонандагоне, ки ба масъалаҳои рушди Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, муфид бошад.

АКС: Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj