ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосир Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2026»-ро эълон намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат иттилоъ доданд, тибқи низомномаи озмун, дар он муаллифоне иштирок менамоянд, ки асарҳои онҳо давоми соли 2026 дар муассисаҳои нашриявии ватанӣ ба табъ расидаанд.
Ба ғолибон дар номинатсияҳои китобҳои назм, наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷумаи адабӣ дипломҳо ва мукофотпулиҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои муосири тоҷик мебошад, ки ба меъёрҳои баланди санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ мебошанд. Инчунин ба асарҳо дар мавзуъҳои ватандӯстию худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, тарбияи насли ҷавон, дастовардҳои замони истиқлол ва арҷгузорӣ ба тамаддуну фарҳанги миллӣ афзалият дода мешавад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






