ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба 9 забон – русӣ, англисӣ, чинӣ, куриёӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, арабӣ, олмонӣ ва узбекӣ тарҷума ва нашр гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки тарҷумаи асар соли 2022 оғоз гардида, аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ ҷилди аввали китоб бо 4 забон – куриёӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, арабӣ ва ҷилди дуюми китоб бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ ба анҷом расид. Ин китоб ба муаррифии забону фарҳанги миллати тоҷик ба оламиён мусоидат карда, саҳми арзишманду мондагор дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат–ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забонро дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар китоб роҷеъ ба пайдоиши тоҷикон ва забони онҳо дар асоси манбаъҳои илмӣ изҳори назар гардида, ба ҳудуди густариши он низ ишорат шудааст.
Китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит менамояд. Он дар шинохти забони тоҷикӣ, таърихи тайнамуда, хизматҳои он дар рушди тамаддуну фарҳанги миллати куҳанбунёд ва паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ маълумоти муфассал медиҳад.
Чунин асарҳои мондагор хонандагонро водор месозанд, ки забони модариро ҳамчун неъмати пурарзиш ва муқаддаси таърихии миллат шиносанд ва ба он арҷу эҳтиром гузоранд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






