Суббота, 28 ноября 2026
Культура

Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  27 ноябр дар шаҳри Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон («Tajikistan Fashion Week») оғоз гардид, ки он то 29 ноябр идома меёбад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории ин намоиш муаррифии ҳунари волои тарроҳони ватанӣ, анъанаҳои қадимии миллӣ бо унсурҳои муосири ҷаҳонии мӯд, рушди саноати сабук ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани брендҳои миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи Ҳафтаи мӯд тарроҳони шинохтаи Тоҷикистон ва меҳмонону мутахассисони хориҷӣ маҷмуаи нави либосҳои худро, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ, матоъҳои анъанавӣ ва ҷавоҳироти дастсози тоҷикӣ инъикос ёфтаанд, ба тамошобинон пешниҳод намоянд.

Баргузории чунин намоиш ба таҳкими ҳамкории эҷодии тарроҳони минтақа, табодули таҷриба ва ҷалби таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаи мӯди ҷаҳонӣ ба фарҳанги Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj