Четверг, 12 ноября 2026
Экономика

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ», воқеъ дар вилояти Суғд яке аз нахустин корхонаҳои муштараки муваффақи соҳаи саноати сабуки мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, соли 1992 таъсис ёфтааст. Корхона давоми беш аз се даҳсолаи фаъолият марҳила ба марҳила рушд намуда, бо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи устувор пайдо кардааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» Имерио Такелла масоили таҳкими ҳамкорӣ, ҷалби сармоя, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва васеъ намудани имконоти истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таҷрибаи фаъолияти корхона нишон медиҳад, ки бо ташкили дурусти истеҳсолот, истифодаи технологияҳои муосир ва омӯзиши пайвастаи талаботи бозор метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон оид ба истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти босифату рақобатпазир, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойи нави кор таклифҳо манзур шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj