Пятница, 13 ноября 2026
Экономика

Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими табодули нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза ба коррупсия барои солҳои 2027 – 2028 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки санади қаблан баимзорасида аз ҷониби Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Директори генералии Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея Ким Нам Ду табодул карда шуд.

Санад ҳамчун маҳаки муҳими тақвиятбахш барои густариши ҳамкории байналмилалии дуҷониба арзёбӣ гардида, ба таҳкими бештари робитаҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи муқовимат ба коррупсия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Тибқи нақшаи ин санад, ҷонибҳо ҳамкориро дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, табодули иттилоот ва истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳавӣ идома медиҳанд.

Ҳамзамон 11 ноябр вохӯрии Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо намояндагони мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, бо Аудитори генералии Палатаи давлатии аудити Гурҷистон Георги Габиташвили, Раиси Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба хизмати давлатӣ Жазикбай Дархан Мамедгалиули ва Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе вохӯриҳо доир шуданд.

Дар вохӯриҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, такмили низоми назорати давлатии молиявӣ, ислоҳоти хизмати давлатӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи алоқаҳои корӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои афзалиятнок дар самти таъмини шаффофият ва волоияти қонун изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки табодули Ёддошти тафоҳум ва вохӯриҳо дар доираи Форуми II байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: дастовардҳо ва дурнамо», ки имрӯз дар Театри миллии Тоҷикистон баргузор гардид, доир шуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj