ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Федератсяи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, 12 ноябр дар шаҳри Новосибирск вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников доир гардид, ки зимни он Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг густариш меёбад.
Ҳуҷҷати мазкур инчунин барои табодули таҷриба, сафари мутахассисон, таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак ва барқарорсозии робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки намояндагони вилояти Хатлон дар Форуми II кишоварзию озуқавории Сибир, ки аз 10 то 12 ноябр таҳти унвони «Одамон, дониш ва технологияҳо–се омили асосии амнияти озуқавории Сибир» доир гардид, иштирок намуданд.
Дар ин намоиши байналмилалӣ имконоти бузурги кишоварзӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






