ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми 4-уми Созмони ҷаҳонии гумрук таҳти унвони «Аз байн бурдани маҳсулоти қалбакӣ дар тиҷорати электронӣ» (e-commerce) ва ҷаласаи 23-юми Гурӯҳи Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба мубориза бо маҳсулоти қалбакӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ки дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия баргузор шуд, иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин чорабиниҳо аз 9 то 13 ноябр идома ёфтанд.
Зимни симпозиум ва ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи гумрук, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири муқовимат ба гардиши маҳсулоти қалбакӣ дар фазои тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
Намояндагони Тоҷикистон ҳамзамон дар вохӯрии дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти гумрук ва андозбандӣ иштирок намуданд. Инчунин мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия баргузор гардид.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






