Суббота, 14 ноября 2026
Экономика

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Душанбе масъалаи  тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии татбиқи Протоколи музокирот оид ба «Тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа оид ба раванди татбиқи Протоколи  мазкур,  ки  амалисозии он то охири соли 2028 ба нақша гирифта шудааст,  маълумот пешниҳод гардид. Гуфта шуд,  ки рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тақозои замон ва иқдоми муҳим мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 10 декабри соли 2025 байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи музокирот вобаста ба лоиҳаи грантӣ дар ҳаҷми 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Протоколи музокирот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 ва иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст.

Дар доираи он таъсиси Платформаи ягона барои мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегӣ, инчунин рақамигардонии ҷараёни ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии босамари қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ пешбинӣ гардидааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj