ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рушди босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ ва афзоиши истифодаи моделҳои калони зеҳни сунъӣ боиси зиёд гардидани талабот ба инфрасохтори ҳисоббарорӣ ва дар навбати худ афзоиши истеъмоли неруи барқ мегардад. Агар то соли 2020, пеш аз густариши васеи технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ истеъмоли неруи барқи як рафи серверӣ тақрибан 13 киловаттро ташкил медод, имрӯз бо истифода аз коркардкунандаҳо ва чипҳои пуриқтидори махсус барои иҷрои вазифаҳои зеҳни сунъӣ ин нишондиҳанда ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
– Тибқи пешбиниҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ояндаи наздик иқтидори истеъмолии як рафи серверӣ дар марказҳои додаҳое, ки барои коркарди вазифаҳои зеҳни сунъӣ пешбинӣ шудаанд, метавонад ба тақрибан 600 киловатт расад. Барои муқоиса, чунин иқтидор тақрибан ба истеъмоли неруи барқи 65 хонаи истиқоматӣ баробар мебошад. Ин тағйирот нишон медиҳад, ки афзоиши зичии ҳисоббарорӣ ва истифодаи акселераторҳои пуриқтидор барои омӯзиш ва татбиқи моделҳои зеҳни сунъӣ талаботи марказҳои додаҳоро ба неруи барқ ба таври назаррас зиёд менамояд.
Бо назардошти он ки марказҳои додаҳо метавонанд аз садҳо ва ҳатто ҳазорҳо рафҳои серверӣ иборат бошанд, афзоиши иқтидори истеъмолии ҳар як раф ба ҳаҷми умумии талаботи энергетикии чунин марказҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тибқи пешбиниҳои Агентии байналмилалии энергетика (IEA), истеъмоли неруи барқи марказҳои додаҳо дар ҷаҳон метавонад аз тақрибан 415 тераватт-соат (TWh) дар соли 2024 то ҳудуди 945 тераватт-соат дар соли 2030 афзоиш ёбад. Ин нишондиҳанда ба тақрибан 3 фоизи истеъмоли умумии неруи барқи ҷаҳон дар соли 2030 баробар хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ тадриҷан ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад. Дар баробари рушди босуръати ин технология, дар ҷаҳон талабот ба манбаъҳои устувор ва тозаи энергия низ афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, масъалаи он ки иқтидори ҳисоббарории ояндаи ҷаҳон дар куҷо ҷойгир хоҳад шуд ва бо кадом манбаъҳои энергетикӣ таъмин мегардад, ба яке аз масъалаҳои муҳими рушди устувори иқтисоди рақамӣ табдил ёфтааст.
Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавқеи мусоид ва имконияти назаррас мебошад. Ҷумҳурӣ дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, қисми асосии неруи барқи он аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, пеш аз ҳама, гидроэнергетика истеҳсол мегардад. Тибқи арзёбиҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҳиссаи неруи барқи обӣ дар истеҳсоли неруи барқи Тоҷикистон аз 95 то 98 фоизро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Миқёси захираҳои гидроэнергетикии мамлакат низ назаррас мебошад. Иқтидори назариявии гидроэнергетикии Тоҷикистон беш аз 527 миллиард киловатт-соат дар як сол арзёбӣ шуда, дар айни замон танҳо қисми нисбатан маҳдуди ин иқтидор истифода мешавад. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда метавонад барои таъмини соҳаҳои нави энергияталаб, аз ҷумла марказҳои додаҳо ва инфрасохтори ҳисоббарории зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки дар доираи сиёсати дарозмуддати рушди энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ тақрибан 3 600 мегаватт буда, истеҳсоли солонаи неруи барқи он метавонад ба ҳудуди 17 тераватт-соат расад. Татбиқи ин лоиҳа барои баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат, таъмини устувори бозори дохилӣ ва рушди содироти неруи барқ ба давлатҳои минтақа аҳамияти муҳим дорад.
Дар баробари гидроэнергетика Тоҷикистон барои рушди дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ низ иқдом менамояд. Таҳияи лоиҳаҳои нави офтобӣ ва истифодаи системаҳои захиракунии неруи барқ метавонанд ба диверсификатсияи низоми энергетикии ҷумҳурӣ мусоидат намоянд. Ин раванд барои ташаккули заминаи энергетикии устувор ва камкарбон, ки метавонад талаботи афзояндаи инфрасохтори рақамӣ ва зеҳни сунъиро таъмин намояд, аҳамияти хос дорад.
Маҳз дар чунин замина идеяи ташкили «Green AI Compute Hub» — маркази сабзи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ, ки фаъолияти он бар истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия асос меёбад, аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Мантиқи ин ташаббус аз он иборат аст, ки рушди ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ба афзоиши босуръати иқтидори ҳисоббарорӣ ва мутаносибан ба талаботи бештар ба неруи барқ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, ҷойгир намудани чунин иқтидор дар минтақаҳое, ки дорои захираҳои фаровон ва нисбатан тозаи энергетикӣ мебошанд, метавонад ҳамзамон ба рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳадафҳои декарбонизатсия мусоидат намояд.
Тоҷикистон бо назардошти иқтидори гидроэнергетикӣ, имконияти рушди энергияи офтобӣ, иқлими нисбатан мусоид дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ва мавқеи ҷуғрофии худ метавонад барои ташкили чунин инфрасохтор имконияти рақобатпазир дошта бошад. Дар ин замина, ташкили кластерҳои GPU, марказҳои коркарди маълумот, инфрасохтори абрӣ ва маркази миллии абрии маълумот метавонад барои рушди иқтидори ҳисоббарории дохилӣ, омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ, таҳқиқоти илмӣ, коркарди маълумоти калон ва таҳияи қарорҳои технологӣ заминаи зарурӣ фароҳам созад.
Ҳамзамон рушди чунин инфрасохтор бояд бо омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди экосистемаи инноватсионӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот, инчунин ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шавад. Дар ин ҳолат Тоҷикистон метавонад на танҳо истеъмолкунандаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, балки ба яке аз нуқтаҳои муҳими рушди инфрасохтори ҳисоббарории минтақавӣ табдил ёбад.
Қатъномаи A/RES/79/322-и Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 25 июли соли 2025 қабул гардид, барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди иқтидори зеҳни сунъӣ ва ташаккули механизмҳои минтақавии ҳамкорӣ заминаи муҳим фароҳам овард. Дар ин замина идеяи ташкили шабакаи минтақавии марказҳои коркарди маълумот ва Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе метавонад ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди экосистемаи минтақавии зеҳни сунъӣ арзёбӣ гардад.
Ҳамин тавр, афзоиши талаботи энергетикии технологияҳои зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон метавонад на танҳо ҳамчун мушкилот, балки ҳамчун имконияти нави рушди иқтисодӣ ва технологӣ низ арзёбӣ шавад. Мавҷудияти захираҳои бузурги энергияи барқароршаванда дар якҷоягӣ бо рушди инфрасохтори рақамӣ метавонад заминаи ташаккули модели нави «энергия + ҳисоббарорӣ + зеҳни сунъӣ»-ро фароҳам созад. Ин модел метавонад Тоҷикистонро ба яке аз иштирокчиёни нави бозори минтақавии инфрасохтори зеҳни сунъӣ табдил дода, барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеи ҷумҳурӣ дар фазои технологии минтақа имконияти нав фароҳам оварад.
Пайрав РАҲИМЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати зеҳни сунъии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






