Понедельник, 16 ноября 2026
Экономика

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамоиши идона баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни ҳамоиш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди мамлакат ва баланд бардоштани мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардида, Рӯзи Президент ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдории миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маънидод карда шуд.

Директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Зайнулло Шарифзода иброз дошт, ки 16 ноябр дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, рамзи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ба таъкиди ӯ, маҳз 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба ҳайси Сарвари давлат дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Он солҳо барои мардуми Тоҷикистон давраи ниҳоят ҳассосу тақдирсоз ба шумор мерафт. Барқарор намудани сулҳу субот, ба ҳам овардани мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи кишвар иродаи қавӣ, масъулияти бузург ва талошҳои пайвастаро тақозо мекард.

Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу суботи сиёсӣ таъмин гардида, ваҳдати миллӣ таҳким ёфт ва барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Натиҷаи ин сиёсати созанда имрӯз дар ободии шаҳру ноҳияҳо, рушди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди иншооти муҳим, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва густариши робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон равшан таҷассум меёбад.


Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди авиатсияи гражданӣ ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Дар ин раванд Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамчун яке аз дарвозаҳои асосии ҳавоии мамлакат дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Гуфта шуд, ки кормандони фурудгоҳ бо меҳнати содиқона ва фаъолияти шабонарӯзӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон саҳм мегузоранд. Зеро барои бисёре аз меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шиносоӣ бо Тоҷикистон маҳз аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз мегардад. Тарзи истиқболи мусофирон, сатҳи хизматрасонӣ, муносибати кормандон ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ташаккули тасаввуроти меҳмонон дар бораи мамлакат нақши муассир доранд.

«Дар паси ҳар парвози бехатар ва ҳар гусели саривақтӣ меҳнати дастҷамъонаи кормандони чандин хадамот меистад. Аз ин рӯ, мехоҳам ба ҳамаи шумо, ки шабу рӯз фаъолияти муназзами фурудгоҳро таъмин мекунед, изҳори сипос намоям. Кормандоне, ки таҷҳизот ва майдони ҳавоиро омода нигоҳ медоранд, амнияти фурудгоҳро таъмин мекунанд, ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасонанд, бағоҷро интиқол медиҳанд ва ба мусофирон кумак мерасонанд, дар иҷрои вазифаҳои муҳими соҳа саҳми назаррас доранд. Гарчанде қисми зиёди ин корҳо аз назари мусофирон дур мемонанд, сифати хизматрасонӣ ва бехатарии парвозҳо бевосита ба онҳо вобаста аст», — таъкид намуд директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.


Иттилоъ дода шуд, ки дар шароити рушди босуръати соҳаи авиатсия ва афзоиши талабот ба хизматрасониҳои муосири нақлиёти ҳавоӣ такмили инфрасохтори фурудгоҳ, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина бунёди терминали нави мусофирбарӣ яке аз ҳадафҳои муҳими рушди минбаъдаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе арзёбӣ гардид. Амалӣ намудани ин лоиҳа имкон медиҳад, ки барои мусофирон шароити боз ҳам беҳтару муосир фароҳам оварда шуда, фаъолияти кормандони соҳа бо истифода аз таҷҳизоту низомҳои пешрафта ба роҳ монда шавад.

Дар идомаи ҳамоиш саҳми кормандони фурудгоҳ дар таъмини фаъолияти мунтазам ва босифати хизматрасониҳои авиатсионӣ муҳим арзёбӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки онҳо минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касбу кор дар рушди соҳа саҳми арзанда мегузоранд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj