ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳу ваҳдат ва роҳнамои давлатдории миллӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода оид ба аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Президент дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат сухан намуд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ ба гиромидошти арзишҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба сулҳу ваҳдат мусоидат менамояд. Дар ин замина, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат таъкид гардид.
Дар идомаи чорабинӣ, Роҳбари Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода суханронӣ намуда, оид ба марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими давлатдории муосири Тоҷикистон, аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши роҳбарияти олии мамлакат дар пешбурди сиёсати созанда ибрози андеша карданд. Зимни суханрониҳо нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Зимни маърӯзаҳо таъкид гардид, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии рушди кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои пешрафти иқтисодӣ, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ имкониятҳои нав фароҳам овардааст.
Дар фарҷоми ҷаласа зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дошта, ҳар як корманди соҳаи бонкдориро водор месозад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат саҳми арзандаи худро гузорад.
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






