ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ (e-Phyto) дар Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои ташкили раванди татбиқи низом, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, муайян намудани марҳилаҳои минбаъдаи кор ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани онро баррасӣ карданд.
Зимни муҳокима ба зарурати тақвияти ҳамкории байниидоравӣ, суръат бахшидан ба корҳои омодагӣ ва иҷрои саривақтии тадбирҳои пешбинишуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Намояндагони Бонки Осиёии рушд ҳамзамон барои баррасии имконоти дастгирии молиявии раванди татбиқи ин низом ибрози омодагӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки амалӣ намудани низоми e-Phyto дар Тоҷикистон ба рақамикунонии соҳаи фитосанитарӣ, содагардонии расмиёти содироту воридоти маҳсулоти растанӣ, баланд бардоштани шаффофияти равандҳои сертификатсия ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мусоидат мекунад.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






