Четверг, 19 ноября 2026
Экономика

Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати илму техника ва густариши технологияҳои муосир нақши илм ва инноватсия дар пешрафти иқтисодиёт, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлат рӯз ба рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, рушди илм, дастгирии таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва истифодаи амалии дастовардҳои олимон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

— Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» тасдиқ гардидааст. Барнома ба баланд бардоштани рақобатпазирии низоми миллии таҳқиқот ва инноватсия, таъмини заминаи илмӣ-техникии тағйироти сохторӣ дар иқтисодиёт ва ҷомеа, инчунин истифодаи самараноки натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба манфиати рушди ҷумҳурӣ равона шудааст.

Аз ҷумла, такмили низоми идоракунии фаъолияти илмӣ, рушди сармояи инсонӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир, таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши истеҳсолот, рушди инфрасохтори илмӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аз вазифаҳои асосии барнома ба шумор мераванд.

Дар ин раванд ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани саҳми таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъмини устувории кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Таҳкими инфрасохтори илмӣ – заминаи рушди таҳқиқот

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномаи давлатӣ саҳми назаррас мегузорад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти академия таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти таҳқиқотӣ мебошад.

Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳо, танҳо дар солҳои 2024–2026 дар муассисаҳои илмии академия беш аз 60 марказу озмоишгоҳ ва пойгоҳҳои сейсмикӣ бо таҷҳизоти муосир таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, соли 2024 19 озмоишгоҳ ва 3 пойгоҳи зилзиласанҷӣ, соли 2025 18 озмоишгоҳ ва 9 пойгоҳи сейсмикию геофизикӣ ва соли 2026 як маркази мониторинги сейсмикӣ, 11 озмоишгоҳ ва нахустин Бонки генетикии растаниҳо ба фаъолият оғоз намуданд.

Иншоот самтҳои гуногуни илм, аз ҷумла физикаю техника, химия, биология, ботаника, геология, энергетика, омӯзиши пиряхҳо, амнияти радиатсионӣ ва сейсмологияро фаро мегиранд.

Таъсиси чунин инфрасохтори илмӣ барои васеъ намудани имконияти таҳқиқотӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассус заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон фаъолияти марказу озмоишгоҳҳои нав метавонад дар ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, экологӣ, энергетикӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми муҳим гузорад.

Ихтироъкорӣ ва рушди технологияҳои ватанӣ

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди илм натиҷаҳои амалии таҳқиқот ва қобилияти ба технологияву маҳсулоти рақобатпазир табдил додани онҳо мебошад. Дар ин самт низ олимони Академияи миллии илмҳо дар доираи татбиқи барнома ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар давраи солҳои 2023–2026 олимони академия барои ихтироот беш аз 100 ҳуҷҷати ҳифзии патентӣ, аз ҷумла патентҳо ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 патенти минтақаи Авруосиё ва 2 патенти Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба даст оварданд.

Ҳамчунин беш аз 20 технологияи нав, 10 лоиҳаи инноватсионӣ ва коркарди илмӣ барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд. Дар маҷмуъ, зиёда аз 50 коркарди илмӣ ва пешниҳоди олимон барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот, инчунин 60 пешниҳоди марбут ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ манзур карда шуданд.

Ин нишондиҳандаҳо аз иқтидори илмӣ ва эҷодии олимони ҷумҳурӣ шаҳодат дода, имконияти мавҷударо барои рушди технологияҳои ватанӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ инъикос менамоянд.

Ҳамгироии илм бо истеҳсолот – талаби замон

Татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ танҳо дар ҳолати ҳамкории зичи муассисаҳои илмӣ бо сохторҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва бахши хусусӣ имконпазир мегардад. Бо назардошти ин омил Академияи миллии илмҳо дар доираи татбиқи барнома ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои соҳавӣ тақвият бахшидааст.

Дар соҳаи илмҳои физика, химия, математика, геология ва техника ҳамкорӣ бо вазоратҳои тандурустӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, инчунин мақомоти амниятӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҳамкорӣ таҳияи таҷҳизоти тиббӣ, дастгоҳҳои бесарнишин, барномаҳои компютерӣ, коркарди нуриҳо, омода намудани кадрҳои илмӣ ва ҳалли масъалаҳои амнияти химиявию радиатсиониро дар бар мегирад.

Ҳамзамон бо Хадамоти гумрук, Саридораи геология, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ва неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак» ва «Сарбанд» ҳамкорӣ дар самтҳои муайян намудани маводи радиоактивӣ, омӯзиши захираҳои ашёи хом, арзёбии сифати масолеҳи сохтмонӣ ва таҳқиқи вазъи сейсмикии минтақаҳо амалӣ мегардад. Ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Агентии обуҳавошиносӣ низ ба мониторинги офатҳои табиӣ, омӯзиши пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Дар соҳаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист, вазоратҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ, муассисаҳои тиббӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ густариш ёфтааст. Самтҳои асосии он омӯзишу ҳифзи гуногунии биологӣ, баҳисобгирии ҳайвоноти нодир, таҳияи нашри нави «Китоби сурхи Тоҷикистон», офаридани навъҳои нави зироати кишоварзӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ оид ба мубориза бо ҳашароти зараррасон мебошанд.

Яке аз самтҳои муҳими ин ҳамкорӣ истифодаи заҳри мор барои истеҳсоли доруҳои ватанӣ, таҳқиқи маводи фаъоли биологӣ, таҳияи воситаҳои ташхисӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ мебошад. Ҳамчунин бо фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ дар самти омӯзиши хатсайри парвози парандаҳо ва бо мақомоти дахлдор оид ба муайян намудани организмҳои аз лиҳозии генетикӣ тағйирёфта ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамаи ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти илмӣ тадриҷан ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ равона гардида, робитаи муассисаҳои илмӣ бо ниҳодҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ тақвият меёбад.

Дурнамои рушди илм ва инноватсия

Татбиқи «Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ барои солҳои 2023–2027» дар айни замон барои таҳкими иқтидори илмии ҷумҳурӣ, рушди инфрасохтори таҳқиқотӣ, афзоиши ихтироъкорӣ ва татбиқи технологияҳои муосир заминаи муҳим фароҳам овардааст.

«Бо вуҷуди ин, барои боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ густариш ёфта, механизмҳои дастгирии ихтироъкорӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқот такмил дода шаванд. Ҳамзамон ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.

Дар маҷмуъ, таҷрибаи татбиқи барномаи давлатӣ ва натиҷаҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон собит месозанд, ки илм на танҳо манбаи дониш ва кашфиёт, балки омили муҳими рушди истеҳсолот, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, дастгирии илм, рушди инноватсия ва истифодаи самараноки дастовардҳои олимон бояд ҳамчун яке аз заминаҳои асосии пешрафти устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ гардад»,- таъкид намуданд дар Академияи миллии илмҳо.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj