Четверг, 19 ноября 2026
Экономика

Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Умон ва Непал дар Павилиони Фонди ОПЕК, ки таҳти унвони «Таҳкими устувории иқлимӣ тавассути рушди инфрасохтори обӣ: таҷрибаи минтақаҳои кӯҳӣ, ҳавзаҳои дарёҳо ва минтақаҳои соҳилӣ» ҷаласаи мавзуӣ баргузор гардид, таҷрибаи амалӣ ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро мубодила намуда, масъалаҳои идоракунии устувори захираҳои об ва рушди инфрасохтори ба тағйирёбии иқлим тобоварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиёни ҷаласа таҷрибаи кишварҳои худро дар самти ҳалли мушкилоти мубрами марбут ба обу иқлим муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, тадбирҳои пешгирӣ ва муҳофизат аз обхезиҳо дар Умон, масъалаҳои таъмини об ва обёрӣ дар Тоҷикистон, инчунин тағйирёбии низомҳои обии минтақаҳои кӯҳии Непал муҳокима гардиданд.

Ба масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи роҳҳои ҳалли самарабахш барои рушди инфрасохтори устувори обӣ, ки ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим тобовар бошад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки сармоягузорӣ ба таъмини амнияти обӣ омили муҳими рушди устувор, ҳифзи манбаъҳои зиндагии аҳолӣ ва баланд бардоштани устувории иқлимии давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Зимни ҷаласа зарурати муттаҳид намудани афзалияти миллӣ, захираҳои молиявӣ, таҷрибаи техникӣ ва шарикии байналмилалӣ барои таҳкими амнияти обӣ ва баланд бардоштани омодагии кишварҳо ба чолишҳои иқлимии оянда таъкид гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj