Пятница, 20 ноября 2026
Экономика

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат арзишҳое мавҷуданд, ки аз доираи як давру замон фаротар рафта, ба рамзи ҳастӣ, худшиносӣ ва сарбаландии он табдил меёбанд. Барои миллати тоҷик, ки давоми ҳазорсолаҳо бо фарҳанги ғанӣ, тамаддуни бостонӣ ва анъанаҳои давлатдории худ шинохта шудааст, Парчами давлатӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳои муқаддас ба шумор меравад. Он таҷассумгари истиқлоли давлатӣ, нишони соҳибихтиёрӣ, ифодагари ваҳдати миллӣ ва рамзи шарафу ифтихори ҳар фарди ватандӯст мебошад.

— Дар рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи пурифтихори миллат, орзуву омоли гузаштагон, талошҳои родмардони асили ватан барои озодиву истиқлол ва умеду ормонҳои наслҳои имрӯзу оянда таҷассум ёфтаанд. Ҳар боре ки Парчами Тоҷикистон дар фазои Ватан ё дар минбарҳои байналмилалӣ парафшон мегардад, эҳсоси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз мансубият ба миллати соҳибтамаддуни тоҷикро дар қалби ҳар ҳамватан бедор месозад.

Бузургии Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки ин рамзи муқаддас гузашта, имрӯз ва фардои миллатро ба ҳам мепайвандад. Он аз як ҷониб, моро ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикон раҳнамун месозад ва аз ҷониби дигар, ба ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими волоияти қонун, таъмини адолат ва бунёди ҷомеаи пешрафта ҳидоят менамояд.

Таърихи парчамдории тоҷикон аз умқи асрҳо сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар замонҳои қадим парчам ҳамчун нишонаи давлатдорӣ, қудрати сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шарафи миллӣ мақоми хосса дошт.

Яке аз рамзҳои маъруфи таърихии ниёгони мо «Дирафши Ковиёнӣ» мебошад, ки дар осори таърихиву адабӣ ҳамчун нишонаи озодихоҳӣ, мубориза бар зидди зулму истибдод ва ҳифзи шарафи миллӣ ёд шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ парчам ва дирафшҳои паҳлавонон ҳамчун рамзи далерӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ тасвир гардидаанд. Ин мероси гаронбаҳои адабӣ шаҳодат медиҳад, ки эҳтиром ба парчам дар тафаккури таърихии мардуми мо бо мафҳумҳои номус, озодӣ ва давлатдорӣ пайванди амиқ дорад.

Дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ низ парчам ҳамчун нишонаи ҳокимияти давлатӣ ва рамзи иттиҳоду ягонагии мардум истифода мегардид. Аз ин рӯ, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро метавон идомаи маънавии анъанаҳои куҳани парчамдории ниёгон арзёбӣ намуд.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 дар таърихи Тоҷикистон марҳалаи сифатан нав оғоз гардид. Миллати тоҷик имконият пайдо намуд, ки сарнавишти сиёсии худро мустақилона муайян карда, асосҳои давлатдории миллиро таҳким бахшад. Аммо солҳои нахустини истиқлол барои кишвар давраи басе ҳассосу сарнавиштсоз буданд. Вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва нооромии ҷомеа зарурати ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ ва муттаҳид сохтани мардумро ба миён оварда буд.

Дар чунин шароити душвор Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи навини мамлакат нақши муҳим бозид. Маҳз дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи таърихӣ, 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Ин рӯйдод аз ҷиҳати сиёсӣ, таърихӣ ва ҳуқуқӣ аҳаммияти бузург дошт, зеро қабули рамзи нави давлатӣ ифодаи иродаи миллат барои ҳифзи истиқлол ва таҳкими пояҳои давлатдории мустақил буд.

Дар ҳамин марҳала муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба масъалаҳои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ягонагии миллӣ ва фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Қабули Парчами давлатӣ дар ин давраи таърихӣ ба рамзи умед ба ояндаи осоишта, ҳифзи давлатдории миллӣ ва оғози марҳалаи нави ҳаёти сиёсии мамлакат табдил ёфт. Аз ин нигоҳ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи истиқлол, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва раванди ташаккули давлатдории навини тоҷикон робитаи амиқи маънавию таърихӣ дорад.

Дар давлати ҳуқуқбунёд рамзҳои давлатӣ на танҳо дорои аҳаммияти сиёсиву маънавӣ, балки соҳиби мақоми муайяни конститутсионӣ мебошанд.

Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф гардидаанд. Ин муқаррарот ҷойгоҳи ҳуқуқии рамзҳои давлатиро дар низоми конститутсионии мамлакат муайян менамояд.

Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои асосии соҳибихтиёрӣ мавҷудияти давлати мустақил, ягонагии ҳудудӣ ва ҳувияти миллии онро ифода мекунад.

Соҳибихтиёрии давлатӣ дорои мазмуни амиқи ҳуқуқӣ буда, мустақилияти давлатро дар муайян намудани самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қабули қонунҳо ва таъмини иҷрои онҳо ифода менамояд.

Маҳз Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии мамлакат асосҳои сохтори давлатдорӣ, принсипҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин кафолатҳои ҳифзи онҳоро муайян кардааст.

Аз ин ҷиҳат эҳтиром ба Парчами давлатӣ бо эҳтиром ба Конститутсия, қонунҳо ва арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ робитаи мустақим дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби истифодаи расмии рамзҳои давлатӣ ва талаботи муносибат ба онҳоро муқаррар намуда, эҳтироми онҳоро ҳамчун ифтихори миллии ҳар шаҳрванд арзёбӣ мекунад.

Ин муқаррароти ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ бояд дар шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва муносибати масъулиятшиносонаи ҳар фарди ҷомеа ҷойгоҳи устувор дошта бошад.

Зеро эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ дар асл эҳтиром ба соҳибихтиёрии халқ, низоми конститутсионӣ ва арзишҳое мебошад, ки давлатдории мустақил бар онҳо асос ёфтааст.

Парчами давлатӣ барои намояндагони ҳокимияти судӣ аҳаммияти махсус дорад. Зеро ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ташкилот ва таҳкими волоияти қонун нақши муҳим мебозад.

Дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар фаъолияти ҳокимияти судӣ бо меъёрҳои махсуси қонунгузорӣ муайян гардидааст.

Аз ҷумла, тибқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин мегардад, дар вазъияти тантанавӣ, дар ҷамъомади судяҳо ва дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Дар матни савганд судя уҳдадор мегардад, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро намуда, холисӣ ва беғаразиро риоя кунад ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намуда, адолати судиро амалӣ созад.

Ин муқаррароти қонунгузорӣ дорои мазмуни амиқи ҳуқуқиву маънавӣ мебошад. Савганд ёд кардани судя дар назди Парчами давлатӣ рамзи садоқат ба давлат, Конститутсия, қонун ва арзишҳои адолати судӣ ба шумор меравад.

Парчами давлатӣ дар чунин маросим на танҳо нишонаи расмии давлат, балки рамзи масъулияти баланди судя дар назди ҷомеа ва давлат мебошад.

Ҳамзамон мувофиқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Парчами давлатӣ дар толорҳои маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва утоқҳои хизматии роҳбарони мақомоти судии дар қонун пешбинишуда ба таври доимӣ ҷойгир карда мешавад.

Ҳузури Парчами давлатӣ дар толори маҷлиси судӣ аҳаммияти рамзии махсус дорад. Он ифодаи он аст, ки адолати судӣ аз номи давлат ва дар асоси Конститутсияву қонун амалӣ мегардад.

Ин рамзи муқаддас ҳамзамон масъулияти судяҳоро дар таъмини мустақилият, беғаразӣ, баробарии иштирокчиёни мурофиа ва қабули санадҳои судии қонунӣ ва асоснок таъкид менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ барои судя танҳо риояи талаботи расмии қонунгузорӣ набуда, пеш аз ҳама, садоқат ба савганди касбӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои конститутсионӣ мебошад.

Дар ин замина, судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини ҳифзи судии ҳуқуқи моликият, баррасии баҳсҳои иқтисодӣ ва таҳкими қонуният дар муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ нақши муҳим доранд.

Рушди иқтисоди миллӣ, густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз мавҷудияти муҳити устувори ҳуқуқӣ, кафолатҳои ҳифзи моликият ва имконияти баррасии одилонаи баҳсҳо вобастагии зиёд дорад.

Бинобар ин, таъмини фаъолияти самараноки судҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, такмили таҷрибаи судӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти судҳо на танҳо вазифаҳои соҳавӣ, балки ҷузъи муҳими таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ мебошанд.

Эҳтироми воқеӣ ба Парчами давлатӣ барои ҳар намояндаи ҳокимияти судӣ, пеш аз ҳама, дар садоқат ба Конститутсия, риояи қатъии қонун, қабули санадҳои судии қонунӣ ва асоснок, муносибати беғаразона ба иштирокчиёни мурофиа ва ҳифзи адолат таҷассум меёбад. Зеро шарафи давлатдорӣ бо устувории қонун ва эътимоди шаҳрвандон ба адолат пайванди амиқ дорад.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арзиши маънавӣ, балки талаботи ҳуқуқӣ низ мебошад.

Қонунгузории мамлакат тартиби тайёр кардан, афрохтан, истифода ва ҷойгир намудани тасвири Парчами давлатиро муайян карда, риояи талаботи муқарраршударо ҳатмӣ медонад.

Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Мутобиқи ин тартиб, Парчами давлатӣ, сарфи назар аз андозаи он, бояд ба талаботи муқарраршуда нисбат ба рангҳо, таносуб ва тасвири нақшагии он мувофиқат намояд.

Ин талабот ба ҳифзи ягонагии шакли расмии рамзи давлатӣ ва пешгирии истифодаи нодурусти он равона гардидааст.

Дар баробари ин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи муқарраршуда оид ба рамзҳои давлатӣ ва таҳқири онҳо ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд.

Аз ҷумла, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят, ҷавобгарии маъмуриро муқаррар кардааст.

Ҳамзамон Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.

Мавҷудияти чунин меъёрҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳифзи рамзҳои давлатӣ ҷузъи муҳими низоми ҳуқуқии мамлакат буда, эҳтиром ба онҳо яке аз талаботи фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Бо вуҷуди ин, эҳтироми ҳақиқӣ ба Парчами давлатӣ бояд, пеш аз ҳама, аз эътиқоди ботинӣ, худшиносии миллӣ ва дарки арзиши соҳибдавлатӣ сарчашма гирад. Зеро қонун метавонад тартиби истифода ва ҳифзи рамзҳои давлатиро муайян намояд, аммо муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар заминаи тарбия, маърифат ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул меёбад.

Парчами давлатӣ рамзест, ки тамоми шаҳрвандони кишварро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид месозад.

Он ба ягон гурӯҳ, қишр ё ниҳоди алоҳида тааллуқ надошта, ифодагари ҳастии давлат ва ягонагии тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.

Дар рангҳои сурх, сафед ва сабзи Парчами давлатӣ ормонҳои озодихоҳӣ, сулҳҷӯӣ, созандагӣ ва умед ба ояндаи дурахшон таҷассум ёфтаанд. Тоҷ ва ҳафт ситораи заррин ба таърихи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик ишора менамоянд.

Маҳз ҳамин мазмуни фарогир Парчами давлатиро ба рамзи ваҳдат ва ҳамбастагии миллӣ табдил додааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳалаҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалиро паси сар намуд.

Дар ин раванд Парчами давлатӣ ҳамчун нишони давлати соҳибистиқлол дар чорабиниҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ муаррифӣ мегардад.

Ҳар боре, ки Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон мешавад, он эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулияти ҳифзи обрӯву эътибори давлатро дар қалби ҳамватанон тақвият мебахшад.

Пеш аз ҳама, сатҳи рушди ҷомеа, волоияти қонун, фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъолияти масъулиятшиносонаи мақомоти давлатӣ ва дастовардҳои шаҳрвандон ба баланд гардидани нуфузи байналмилалии мамлакат мусоидат мекунанд.

Аз ин рӯ, ҳар дастоварди илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳар иқдоми созанда ва ҳар амали нек ба манфиати ҷомеа метавонад саҳме дар сарбаландии Парчами давлатӣ бошад.

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, аз худшиносии миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ сарчашма мегирад.

Насли ҷавон бояд бидонад, ки истиқлол ва соҳибдавлатӣ арзишҳое мебошанд, ки ҳифзу таҳкими онҳо аз дониш, меҳнат, масъулиятшиносӣ ва садоқати ҳар шаҳрванд вобаста аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Таълими таърихи давлатдорӣ, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо, эҳтиром ба забони давлатӣ, шинохти рамзҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ бояд ҷузъи муҳими тарбияи шаҳрвандӣ бошанд.

Дар баробари ин, муҳаббат ба Ватан бояд бо амалҳои мушаххас, аз ҷумла донишандӯзӣ, меҳнати ҳалол, риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва муносибати масъулиятшиносона ба сарватҳои миллӣ собит гардад.

Ҷавоне, ки илму дониш меомӯзад, ба қонун эҳтиром мегузорад, ҳуқуқи дигаронро риоя мекунад ва барои ободии сарзамини худ талош менамояд, дар амал ба Парчами давлати худ арҷ мегузорад.

Аз ин лиҳоз, тарбияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ бояд бо ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ пайваста амалӣ шавад.

Имрӯз, дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бори дигар ба арзишҳои бузурги истиқлол, сулҳу ваҳдат ва давлатдории миллӣ арҷ мегузорем.

Ин санаи таърихӣ моро водор месозад, ки на танҳо аз роҳи тайкардаи миллат ёдовар шавем, балки дар бораи масъулияти худ дар назди ояндаи давлат низ андеша намоем. Зеро ҳифзи истиқлол танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Он рисолати умумимиллии тамоми шаҳрвандон мебошад.

Пойдории давлатдорӣ аз ягонагии ҷомеа, устувории низоми ҳуқуқӣ, фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таъмини адолат ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон вобастагии амиқ дорад.

Маҳз дар чунин замина Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ мазмуни воқеии худро пайдо мекунад.

Барои мо, намояндагони ҳокимияти судӣ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ бо масъулияти касбӣ дар роҳи таҳкими қонуният, ҳифзи адолат ва таъмини волоияти қонун пайванди ногусастанӣ дорад.

Ҳар санади судии қонунӣ ва асоснок, ҳар ҳуқуқи барқароргардида ва ҳар баҳси одилона ҳалшуда метавонад саҳми мушаххас дар таҳкими эътимод ба давлат ва пойдории арзишҳои конститутсионӣ бошад.

Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мост, ки бо меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва ободии Тоҷикистон саҳм гузорем.

Парчами Тоҷикистон моро ба ягонагӣ, садоқат, созандагӣ ва масъулият дар назди Ватан ҳидоят менамояд. Он баёдорандаи гузаштаи пурифтихор, таҷассумгари имрӯзи соҳибистиқлол ва рамзи умед ба фардои боз ҳам ободу осудаи миллат мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодӣ, шараф ва ифтихори миллӣ ҳамеша дар фазои сулҳу суботи Ватани азизамон парафшон бошад!

Зеро парафшонии Парчам — сарбаландии давлат, шарафи миллат ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Зебонисо АБДУЛЛОЗОДА,
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj