ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода 19-21 ноябр дар Ассамблеяи 43-юми Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ки дар шаҳри Монреали Канада баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд, дар доираи Ассамблея масъалаҳои муҳими вобаста ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи авиатсияи гражданӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, такмили низоми идоракунӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои зиёд намудани шумораи аъзои Шурои ИКАО, пешбарӣ ва интихоби намояндагон ба ҳайати мақомоти роҳбарикунандаи Созмон, инчунин баланд бардоштани нақши давлатҳои аъзо дар таҳия ва қабули қарорҳои муҳими стратегӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи чорабинӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо роҳбарон ва намояндагони мақомоти авиатсияи граждании як қатор давлатҳои хориҷӣ мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаи корӣ анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, рушди робитаҳои мустақими ҳавоӣ, зиёд намудани шумораи парвозҳо ва роҳандозии хатсайрҳои нави байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ, таҳкими робитаҳои байниидоравӣ ва муайян намудани самтҳои муштараки рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ва баргузории вохӯрию машваратҳои дуҷониба ба таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва шарикони нави рушд, инчунин ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мусоидат менамояд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj








