ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Барномаи глобалии инноватсияҳои технологияҳои тоза: аз муваффақияти миллӣ то таъсири минтақавӣ ба иқлим» чорабинии мавзуӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ пешниҳод намуд, ки дар Осиёи Марказӣ «Платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»» таъсис дода шуда, ҳамзамон давоми 12 моҳи оянда лоиҳаҳои намоишии фаромарзӣ дар самтҳои идоракунии партовҳо, самаранокии истифодаи захираҳои об ва мониторинги муҳити зист амалӣ карда шаванд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар чорабинӣ аҳамияти рушди технологияҳои «сабз», ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорони навоварро дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва иқлимӣ таъкид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки 21 октябри соли 2026 Кодекси нави экологии Тоҷикистон қабул гардид. Он заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табииро тақвият бахшид. Инчунин лоиҳаи «Стратегияи идоракунии партовҳо то соли 2040» ба рушди низоми масъулияти васеи истеҳсолкунандагон, коркарди такрории партовҳо ва ташаккули инфрасохтори муосири идоракунии онҳо равона шудааст.
«Уҳдадории Тоҷикистон оид ба шинонидани 2 миллиард бех дарахт то соли 2040, инчунин мушкилоти обшавии беш аз 1000 пирях дар мамлакат ҳамчун омилҳои муҳими рушди технологияҳои инноватсионӣ арзёбӣ гардиданд. Дар ин замина истифодаи низомҳои обёрии дақиқ, мониторинги моҳворавии ҷангалҳо, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири арзёбии зиндамонии ниҳолҳо муҳим дониста мешавад», – афзуд Баҳодур Шерализода.
Ҳамзамон дар бахши идоракунии партовҳо низ ба имконияти рушди технологияҳои мониторинги партовҳои метан, коркарди дубораи захираҳо, батареяҳо ва таҷҳизоти электронӣ, инчунин ташаккули иқтисодиёти даврӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Тибқи пешбиниҳои Монитори миллии партовҳои электронӣ, ҳаҷми партовҳои электронии Тоҷикистон метавонад то соли 2050 ба 36 ҳазору 400 тонна дар як сол расад.
Тоҷикистон омода аст тавассути «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» барои татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ, ҷалби стартапҳо ва ширкатҳои технологӣ, инчунин мубодилаи таҷриба ва натиҷаҳои бадастомада бо кишварҳои минтақа мусоидат намояд.
Инчунин Тоҷикистон омодагии худро барои густариши ҳамкории минтақавӣ, дастгирии инноватсияҳои «сабз» ва татбиқи технологияҳои муосир барои таъмини рушди устувор ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






