Суббота, 21 ноября 2026
Экономика

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст

ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба табиат ва ҷалби фаъоли аҳолӣ ба ҳифзи муҳити зист дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» қабул гардид.

— Барномаи давлатӣ бо назардошти мушкилоти мавҷудаи экологӣ ва зарурати таҳкими низоми таълиму тарбияи экологӣ таҳия гардида, тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро мегирад. Он ба фароҳам овардани заминаи устувор барои ташаккули ҷомеаи аз ҷиҳати экологӣ огоҳ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва густариши донишҳои аҳолӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Ҳадаф ва вазифаҳои барнома

Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва тарбияи рафтори масъулонаи шаҳрвандон дар муносибат бо муҳити зист мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳими он фароҳам овардани низоми пайваста ва ҳамгирои таълими экологӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба шумор меравад. Яъне, донишҳои экологӣ бояд на танҳо дар доираи фанҳои алоҳидаи таълимӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳими тарбияи шаҳрвандӣ ва фарҳанги умумии ҷомеа ташаккул дода шаванд.

Он инчунин ба баланд бардоштани дониш ва малакаҳои аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим, сабабу оқибатҳои он, роҳҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири манфии ин раванд равона гардидааст.

Тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ

Яке аз масъалаҳои меҳварии барнома тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, иқтисодиёт ва зиндагии аҳолӣ мебошад. Баландшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, тағйир ёфтани низоми боришот, афзоиши хушксолӣ ва шиддат гирифтани ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ аз ҷумлаи равандҳое мебошанд, ки ба мувозинати экологӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти кӯҳсор будани қаламрав ва вобастагии соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ аз захираҳои обӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад. Аз ин рӯ масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии таназзули замин ва мутобиқшавӣ ба шароити нави иқлимӣ дар барнома мавқеи муҳим доранд.

Мувофиқи маълумоти дар барнома овардашуда, пиряхҳо ба ҳисоби миёна тақрибан 20 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин мекунанд. Коҳиш ёфтани масоҳати онҳо метавонад ба захираҳои оби тоза, низоми оби дарёҳо ва амнияти экологию иқтисодии минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.

Обшавии пиряхҳо ҳамчунин хавфи ташаккули кӯлҳои пиряхӣ, сар задани обхезӣ ва ярчро зиёд менамояд. Аз ин рӯ баланд бардоштани сатҳи донишҳои аҳолӣ оид ба ин равандҳо, таҳкими мониторинги пиряхҳо ва омӯзиши роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз вазифаҳои муҳимми барнома ба ҳисоб мераванд.

Инчунин буридани ҷангалҳо, обёрии нодуруст, истифодаи аз ҳад зиёди замин ва чаронидани зиёди чорво ба эрозия, биёбоншавӣ ва шӯршавии хок мусоидат мекунанд. Ин ҳолат ба ҳосилхезии замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Бо назардошти он ки қисми зиёди аҳолии деҳот ба кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ вобастагӣ доранд, омӯзиши усулҳои муосири истифодаи замин, сарфаи об ва пешгирии эрозия аҳамияти махсус дорад.

Ифлосшавии ҳаво, об ва хок

Дар барнома ба масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Афзоиши шумораи нақлиёти автомобилӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмони биноҳо, кам шудани майдонҳои сабз ва истифодаи низомҳои гармидиҳии камсамар аз омилҳое мебошанд, ки ба сифати ҳаво таъсир мерасонанд.

Махсусан, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ масъалаи ифлосшавии ҳаво ва афзоиши ғубор ҳамчун мушкилоти муҳими экологӣ арзёбӣ шудааст.

Ифлосшавии ҳаво на танҳо ба муҳити зист, балки ба саломатии инсон низ таъсир мерасонад. Моддаҳои зараровари дар ҳаво мавҷуда метавонанд боиси пайдоиш ва шиддат гирифтани бемориҳои роҳҳои нафас ва дилу раг гарданд. Аз ин рӯ истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар, рушди нақлиёти камзарар ва зиёд намудани майдонҳои сабз аз тадбирҳои муҳими беҳтар намудани вазъи экологӣ мебошанд.

Аз ин рӯ барнома зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, пешгирии ифлосшавӣ ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони захираҳои табииро таъкид менамояд.

Идоракунии партовҳо ва рушди иқтисоди «сабз»

Афзоиши партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ, ба хусус партовҳои пластикӣ аз масъалаҳои дигари муҳими экологӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон тибқи таҳлили дар барнома пешниҳодшуда, набудани корхонаҳои кофии коркарди партовҳо, афзоиши партовгоҳҳо, мавҷудияти ҷойҳои ғайрирасмии партофтани партовҳо ва амалӣ нагардидани низоми васеи ҷамъоварии ҷудогонаи онҳо аз мушкилоти мавҷуда ба ҳисоб мераванд.

Барои ҳалли ин мушкилот таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳо, амалӣ намудани низоми ҷамъоварии ҷудогона, истифодаи такрории ашёи хом ва баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ муҳим мебошад. Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани вазъи экологӣ, рушди иқтисоди «сабз», таъсиси ҷойи нави кор ва истифодаи самараноки захираҳо мусоидат мекунанд.

Оғози таълими экологӣ аз оила ва муассисаҳо

Яке аз самтҳои муҳими барномаи давлатӣ ташаккули фарҳанги экологӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот мебошад. Дар он таъкид мегардад, ки тарбияи муносибати эҳтиёткорона ба табиат бояд аз синни томактабӣ оғоз ёбад. Оила дар ташаккули одатҳои экологӣ нақши муҳим дорад. Волидон метавонанд ба кӯдакон сарфаи обу неруи барқ, муносибати эҳтиёткорона ба растаниҳо ва ҳайвонот, тозагии муҳити атроф ва ҷудо намудани партовҳоро омӯзонанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ворид намудани мавзуъҳои экологӣ ба фанҳои таълимӣ, баргузории дарсҳои амалӣ, экскурсияҳо, ҳашарҳои ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ ба рушди тафаккури экологӣ мусоидат мекунад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ ҳамгиро намудани мавзуъҳои экологӣ ва иқлимӣ ба муҳтавои фанҳои гуногун зарур дониста мешавад. Донишҷӯён метавонанд тавассути таҳқиқоти илмӣ, лоиҳаҳои амалӣ, конфронсу машғулият ва ҳаракатҳои волонтёрӣ дар ҳалли мушкилоти экологӣ саҳм гузоранд.

Ҳамзамон барнома ба масъалаи омода намудани омӯзгорони соҳибихтисос таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати ташкили даврҳои такмили ихтисос, семинарҳои амалӣ ва ҷалби коршиносони соҳа ба раванди таълимро муайян мекунад.

Неруи пешбарандаи ташаббусҳои экологӣ

Дар асоси таҳлили ин барномаи давлатӣ ҷавонон метавонанд тавассути ташкили маҳфилҳои экологӣ, ҳаракатҳои ихтиёрӣ, ҳашарҳои ниҳолшинонӣ, тозакунии ҳудудҳо ва лоиҳаҳои маърифатӣ дар ҳифзи муҳити зист саҳми назаррас гузоранд. Барнома таъсис ва дастгирии марказҳои волонтёрӣ, ташкили даврҳои омӯзишӣ ва ҷалби донишҷӯёну хонандагонро ба таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли мушкилоти воқеии экологӣ пешбинӣ менамояд.

Яке аз ташаббусҳои ҷолиби дар санад пешбинишуда ташкили чорабиниҳои мониторинги ҷамъиятӣ таҳти унвони «Нозирони сабз» мебошад. Ин ташаббус бо ҷалби ҷавонон ва ихтиёриён ба ошкор намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии экологӣ, аз ҷумла партовгоҳҳои ғайриқонунӣ ва ифлосшавии манбаъҳои об равона шудааст.

Ҳамчунин таъсиси платформаи миллии рақамии «Есо-АсПоп» пешбинӣ гардидааст, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд фаъолияти ихтиёрии экологиро ба қайд гирифта, дар ташаккули «Рейтинги сабз»-и минтақаҳо саҳм гузоранд ва сертификатҳои фаъолияти волонтёрӣ дарёфт намоянд. Ин гуна ташаббусҳо имкон медиҳанд, ки ҳифзи муҳити зист аз доираи вазифаи мақомоти давлатӣ берун рафта, ба ҳаракати умумимиллӣ табдил ёбад.

Қабули «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» қадами муҳим дар роҳи таҳкими сиёсати экологӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули фарҳанги муносибати оқилона ба табиат мебошад.

Татбиқи пайгирона ва самараноки барномаи мазкур метавонад барои ташаккули насли аз ҷиҳати экологӣ босавод, рушди тафаккури масъулонаи шаҳрвандӣ ва таҳкими фарҳанги ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид фароҳам оварад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj