ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва густариши равандҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ тиҷорати рақамӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Истифодаи платформаҳои рақамӣ, воситаҳои электронии пардохт, низомҳои муосири логистикӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ барои ташаккули шаклҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани самаранокии муомилоти иқтисодӣ ва васеъ намудани дастрасии истеҳсолкунандагону хизматрасонҳо ба бозорҳои дохилию байналмилалӣ имконияти васеъ фароҳам меоранд.
— Бо назардошти аҳамияти ин равандҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Ин ташаббус ба тақвияти равандҳои рақамикунонӣ, рушди соҳибкории рақамӣ ва истифодаи имконоти технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона шудааст.
Дар ин замина рушди тиҷорати рақамӣ яке аз самтҳои муҳими ташаккули иқтисоди муосир ба ҳисоб рафта, барои таҳкими фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани имконияти нави иқтисодӣ замина мегузорад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2024 «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» қабул гардид. Барномаи мазкур ба рушди инфрасохтори савдои электронӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии субъектҳои иқтисодӣ равона шудааст. Нақшаи амали ин барнома татбиқи 60 тадбири мушаххасро бо маблағи умумии 258,7 миллион сомонӣ дар муҳлати панҷ сол пешбинӣ менамояд.
Бо мақсади таъмини танзими давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи савдои электронӣ муайян гардидааст.
Дар баробари рушди бозори рақамӣ ва пайдоиши моделҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ зарурати такмили қонунгузории амалкунанда низ ба миён омад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» асосан муносибатҳои вобаста ба хариду фурӯши мол, иҷрои кор ва пешниҳоди хизматрасониҳоро тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ танзим менамояд.
Бо вуҷуди ин тағйирёбии технологияҳо ва пайдоиши моделҳои нави фаъолияти иқтисодӣ доираи муносибатҳои тиҷоратиро васеъ намудаанд. Аз ҷумла, фаъолияти платформаҳои тиҷорати рақамӣ, аз қабили маркетплейсҳо, мағозаҳои интернетӣ, платформаҳои эълону пешниҳодҳои тиҷоратӣ (Classifieds), инфрасохтори логистикӣ, нуқтаҳои қабул ва супоридани фармоишҳо, терминалҳои худхизматрасон (постаматҳо) ва муомилоти маҳсулоти рақамӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки зарурати ба таври фарогиртар танзим намудани онҳоро ба миён меоранд.
Дар ин замина масъалаи таҳияи лоиҳаи қонуни нав ва васеъ намудани доираи танзими ҳуқуқӣ аз мафҳуми «савдои электронӣ» ба мафҳуми «тиҷорати рақамӣ» ба миён омадааст. Дар айни замон лоиҳаи қонуни мазкур дар марҳилаи таҳия қарор дошта, ҳадафи асосии он фарогир намудани муносибатҳои иқтисодии дар муҳити рақамӣ ташаккулёбанда ва мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба равандҳои муосири рушди иқтисодӣ мебошад.
Мафҳуми «тиҷорати рақамӣ» нисбат ба «савдои электронӣ» доираи васеътари муносибатҳои иқтисодиро фаро гирифта, илова ба хариду фурӯши молу хизматрасониҳо, фаъолияти платформаҳои рақамӣ, муомилоти маҳсулоти рақамӣ ва дигар равандҳои тиҷоратии бо истифодаи технологияҳои рақамӣ алоқамандро дар бар мегирад.
Ин лоиҳа бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва санадҳои дахлдор, аз ҷумла Қонуни намунавии Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи байналмилалии тиҷорат (UNCITRAL Model Law on Electronic Commerce) ва тавсияву таҳлилҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) дар соҳаи иқтисоди рақамӣ таҳия шуда истодааст. Истифодаи чунин таҷриба барои ташаккули низоми ҳуқуқии муосир, таъмини эътимод ба муомилоти электронӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ заминаи муҳим мегузорад.
Тиҷорати рақамӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ нақши рӯзафзун дошта, шакл ва тарзи ташкили муомилоти молу хизматрасониҳоро тағйир медиҳад. Истифодаи платформаҳои рақамӣ ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки бе зарурати таъсиси инфрасохтори васеи анъанавӣ ба доираи васеи истеъмолкунандагон дастрасӣ пайдо намуда, хароҷоти амалиётиро коҳиш диҳанд ва фаъолияти худро дар бозорҳои нав густариш диҳанд.
Тибқи маълумоти дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ нашршуда, ҳаҷми фурӯши ҷаҳонии тиҷорати электронии B2C дар соли 2024 тақрибан 6 триллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муомилоти тиҷорати электронии B2B тақрибан 20 триллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзёбӣ гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз миқёси назарраси бозори ҷаҳонии тиҷорати электронӣ ва афзоиши нақши он дар муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.
Барои Тоҷикистон рушди ин самт, пеш аз ҳама, имконияти иловагии истифодаи иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишварро фароҳам меорад. Махсусан, платформаҳои байналмилалии тиҷоратӣ метавонанд барои муаррифии маҳсулоти ватанӣ, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, ҷалби харидорони нав ва ворид гардидани истеҳсолкунандагони миллӣ ба занҷираҳои байналмилалии таъминот заминаи мусоид гузоранд.
Дар ин раванд соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи гурӯҳҳое мебошад, ки метавонанд аз имконияти тиҷорати рақамӣ бештар баҳра гиранд. Платформаҳои электронӣ ба чунин субъектҳо имкон медиҳанд, ки бо хароҷоти нисбатан кам фаъолият карда, доираи муштариёнро васеъ намоянд ва ба бозорҳои нав ворид гарданд.
Яке аз намунаҳои татбиқи чунин имконият лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «E-GATE» (Elevating Global Access Through E-commerce) мебошад, ки ба васеъ намудани дастрасии истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони хурду миёнаи Осиёи Марказӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар доираи лоиҳа ташаббусҳо оид ба пешбурди маҳсулоти босифати истеҳсолкунандагони минтақа тавассути платформаҳои байналмилалии ширкати Alibaba амалӣ карда шуданд.
Барномаи «E-GATE» соли 2023 оғоз гардида, барои соҳибкорони ватанӣ имконият фароҳам меорад, ки малакаҳои худро дар самти тиҷорати фаромарзӣ такмил дода, бо талаботи бозорҳои байналмилалӣ ва воситаҳои муосири пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ бештар шинос шаванд. Иштирок дар чунин ташаббусҳо метавонад ба баланд бардоштани иқтидори содиротии субъектҳои соҳибкорӣ ва густариши иштироки онҳо дар тиҷорати байналмилалӣ мусоидат намояд.
Таъмини имконияти баробар барои иштирок дар иқтисоди рақамӣ ва дастгирии соҳибкории занон аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди фарогири иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, лоиҳаи PARWONA ҳамчун ташаббуси дастгирии занон дар самти омӯзиши малакаҳои рақамӣ, рушди соҳибкорӣ ва истифодаи платформаҳои тиҷорати электронӣ амалӣ гардидааст.
Яке аз натиҷаҳои назарраси марҳилаи аввал таъсиси зиёда аз 30 мағозаи онлайн дар платформаҳои тиҷоратии ватании LakLak, Avval ва Alif Shop мебошад. Ҳамзамон иштирокчиёни барнома таҷрибаи амалии пешбурди фаъолияти соҳибкориро тавассути ин платформаҳо омӯхта, барои фурӯши маҳсулоти худ имконияти иловагӣ пайдо карданд.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи платформаҳои рақамӣ на танҳо барои васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, балки барои ҷалби гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ ба равандҳои иқтисодӣ ва фароҳам овардани имконияти нави даромад низ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар баробари такмили заминаи ҳуқуқӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ густариши ҳамкории минтақавию байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, ҷалби сармоя ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда аҳаммияти махсус дорад.
28-29 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми тиҷорати рақамии Осиёи Марказӣ — 2026 баргузор гардид. Чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ширкатҳои технологӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, маркетплейсҳо, ширкатҳои логистикӣ ва бахши технологияҳои молиявиро гирди ҳам овард.
Форум таҳти шиори «Савдои оқилона — иқтисоди пурқувват» баргузор гардида, ба баррасии роҳҳои амалии рушди тиҷорати бе коғаз, савдои электронӣ, логистикаи рақамӣ ва ҳамгироии минтақавӣ бахшида шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, ҷалби бахши хусусӣ ба равандҳои рақамикунонӣ ва таҳияи ташаббусҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон онҳо имконият медиҳанд, ки таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар омӯхта шуда, роҳҳои татбиқи қарорҳои муосири рақамӣ дар шароити Тоҷикистон муайян карда шаванд.
Бо вуҷуди пешрафтҳои мавҷуда рушди устувори тиҷорати рақамӣ танҳо бо амалӣ намудани платформаҳои электронӣ маҳдуд намешавад. Барои фаъолияти самараноки ин соҳа рушди инфрасохтори рақамӣ ва логистикӣ, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ, таҳкими амнияти пардохтҳои электронӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ зарур мебошад.
Дар ин раванд ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иштироки фаъоли бахши хусусӣ ва дастгирии шарикони рушд аҳаммияти калидӣ дорад. Маҳз ҳамкории чунин ҷонибҳо метавонад барои бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани эътимоди иштирокчиёни бозор ба хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус бояд ба рушди инфрасохтори пардохтҳои ғайринақдӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ ва логистикӣ, густариши ҳамгироии низомҳои рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорати фаромарзӣ равона карда шавад. Ин омилҳо барои таъмини фаъолияти мунтазами занҷираҳои таъминот ва баланд бардоштани самаранокии муомилоти тиҷоратӣ замина мегузоранд.
Дар маҷмуъ, рушди тиҷорати рақамӣ барои диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкорони ватанӣ, васеъ намудани имконияти содиротӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор имконияти назаррас ба вуҷуд меорад. Самаранок истифода бурдани ин имконият дар баробари такмили заминаи ҳуқуқӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ метавонад ба таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар, рушди соҳибкории миллӣ ва мутобиқшавии иқтисодиёти Тоҷикистон ба равандҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ мусоидат намояд.
Муҳаммад ОДИЛОВ,
мутхассиси пешбари Раёсати иқтисоди рақамии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






