Вторник, 24 ноября 2026
Экономика

Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба, такмили маъмурикунонии гумрукӣ, рақамикунонии равандҳо ва татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумрук дар вохӯрии роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ карда шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук  хабар медиҳад, дар мулоқот оид ба фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон, ислоҳоти амалишаванда ва раванди амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ маълумот пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки бо назардошти афзоиши нақши Осиёи Марказӣ дар низоми робитаҳои байналмилалии тиҷоратию нақлиётӣ, самаранокии маъмурикунонии гумрукӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рақобатпазирии иқтисодӣ ҷалби сармоягузорӣ ва рушди иқтидори транзитии минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон барои ташаккули низоми муосир ва шаффофи гумрукӣ якчанд ислоҳот амалӣ гардида, аз ҷумла низоми ASYCUDA World, механизми «Равзанаи ягона», барасмиятдарории электронии гумрукӣ ва пардохтҳои рақамӣ амалӣ карда шудаанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои навсозии инфрасохтори гумрукӣ ва истифодаи технологияҳои муосири назорат, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, воситаҳои автоматикунонидаи назорат ва низомҳои ҳушманди мониторинги мутамарказро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии ҷониби Амрико дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, такмили низомҳои иттилоотию таҳлилӣ, инчунин истифодаи имконияти лоиҳаи кумаки техникии «Ширкат барои инфрасохтори ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ – Масири тиҷоратии Транскаспий (PGI/TCTR)» таъкид шуд.

Ҳамзамон омодагии ҷониби Амрико барои идомаи ҳамкорӣ ва баррасии имконияти дастгирии техникӣ ва технологӣ изҳор гардид.

Мусоҳибон барои густариши ҳамкории мутақобили судманд, идомаи муколамаи касбӣ ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳои муштарак дар самти татбиқи ислоҳоти соҳаи гумрук изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj