ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷрои муқаррароти протоколҳои ҷаласаҳои қаблӣ, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи муқаррароти «Созишномаи қолабӣ оид ба содагардонии расмиёти савдои бекоғази наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», масъалаҳои мубрами соҳаи нақлиёт ва логистика, инчунин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо»» баррасӣ карда шуданд.
Иброз гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо корҳои назаррас амалӣ гардида, вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешанд. Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ва ҳадафҳои стратегии давлатӣ Тоҷикистон ба қатори се давлати пешсафи ислоҳотгар дар самти содагардонии расмиёти савдо дохил гардида, мавқеи худро дар таҳкими муҳити мусоиди тиҷоратӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ боз ҳам устувортар намудааст.
Дар ҷаласа байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ табодули афкор ва муколамаи созанда доир шуд. Гуфта шуд, ки масъалаҳои матраҳшуда ба татбиқи санадҳои стратегии давлатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро ва корбарии минбаъда ба вазорату идораҳои марбута ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






