ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ беш аз 25,2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар неругоҳҳои барқи офтобии ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ–октябр қариб 20,7 миллион кВт-соат неру истеҳсол карда шудааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2025 0,8 миллион кВт-соатро ташкил медод.
Панелҳои офтобӣ на танҳо манбаи барқ, балки рамзи рушди устувор, зиндагии сабз ва ояндаи тоза мебошанд. Тоҷикистон бо доштани рӯзҳои зиёди офтобӣ (беш аз 300 рӯз) дар сол бояд бештар ба ин манбаи муҳими энергия рӯ орад.
Ба таъкиди мутахассисон, панелҳои офтобӣ технологияи муосир ва ҷавоби дуруст ба ниёзҳои энергетикӣ, экология ва иқтисодиёти асри XXI мебошанд. Онҳо барои ҳар давлат, хонавода ва ҳатто шахси алоҳида имкони зиндагии устувор, мустақил ва тоза фароҳам меоранд. Панелҳои офтобӣ партов ва садои зиёд надоранд, бинобар ин, муҳити зистро ифлос намекунанд. Онҳо барои ҳайвоноту наботот хатар надошта, бо табиат ҳамоҳанг кор мекунанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гардид. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва таҳвили панелҳои офтобии истеҳсоли худӣ дар дохили ҷумҳурӣ воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо то 1 январи соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.
Инчунин тибқи ин қонун масоҳати объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб гардидаанд, ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани онҳо бо андоз аз объектҳои ғайриманқул андозбандӣ карда намешавад.
Дар баробари ин, бо мақсади зиёд намудани иқтидори энергетикии мамлакат ва рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 353 Кодекси андоз, заминҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб шудаанд, ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани онҳо аз пардохти андози замин озод карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки «истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, неруи офтобӣ, ба хусус дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳистон ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба неруи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин ба роҳ мондани технологияҳои муосири «сабз» ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд».
Сарвари давлат ҳамчунин иброз доштанд, ки «васеъ намудани миқёси насби панелҳои офтобӣ дар иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ, ба хусус дар деҳот ва ба роҳ мондани технологияҳои офтобӣ дар шабакаҳои гармидиҳӣ низ муҳим мебошад».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






