ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ПАЛАС – «Digital Tajikistan 2026» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи форум фароҳам овардани платформаи муколамаи касбӣ байни намояндагони сохторҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, бахши хусусӣ ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои табодули таҷриба, баррасии роҳҳои ҳалли муосир ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад.
Форум ба баррасии дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва табдили рақамии соҳаҳои гуногун бахшида мешавад.
Дар доираи форум масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди зеҳни сунъӣ, бонкдории кушод (Open Banking), низомҳои пардохтии рақамӣ, тиҷорати электронӣ, амнияти киберӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ мегарданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






