ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургияи Тоҷикистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи форум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки «баргузории форум имкони муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди саноати кӯҳкории мамлакатро фароҳам меорад. Он инчунин иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, имконияти умедбахши сармоягузорӣ маҳсуб мешавад».
Иброз гардид, ки дар форум таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи стандартҳои муосири байналмилалии гузоришдиҳии геологӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии равандҳо ва такмили механизмҳои иҷозатномадиҳии соҳа равона карда мешавад.
Дар форум ҳайатҳои тақрибан 20 ширкати пешбари соҳаи маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 сармоягузори хориҷӣ, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок доранд.
Форум таҳти сарпарастии Ҳукумати мамлакат доир шуда, ташкилкунандаи он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иштирокчиёни форум нақшаи шарикӣ, имконияти таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди ҳамкориро дар тамоми давраи ташаккули арзиш дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва металлургия баррасӣ менамоянд.
Ҳамчунин татбиқи технологияҳои муосир ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии геологӣ, рақамикунонӣ, масъалаҳои иҷозатдиҳӣ, истифодаи мавод ва таҷҳизоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар аз мавзуъҳои асосии форум мебошанд.
Ин ҳамоиши сатҳи баланд ба таҳкими робитаҳои байналмилалии корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, тавсеаи ҳамкории технологӣ ва тақвияти иқтидори бахши кӯҳию металлургии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






