Четверг, 26 ноября 2026
Экономика

Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии ПЛАС таҳти унвони «Digital Tajikistan 2026» ба кор оғоз намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, ширкатҳои технологӣ, соҳибкорон ва коршиносони соҳа иштирок доранд.

Ҳадафи асосии форум баррасии масъалаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ, амалӣ намудани технологияҳои муосир, истифодаи зеҳни сунъӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ ва таҳкими амнияти киберӣ мебошад.

Иштирокчиён дар доираи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба имконияту дурнамои рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, рушди низоми пардохтҳои рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва ҳифзи маълумоти рақамиро баррасӣ намуда, доир ба ин самтҳо мубодилаи афкор менамоянд.

Форум то бегоҳ дар бахшҳои пленарӣ идома меёбад. Бахши якуми форум таҳти унвони «Тоҷикистон имрӯз. Рушди ҷомеаи муосири рақамӣ, бизнес ва давлат. Тағйирёбии низоми бонкдорӣ ва тиҷорати пардохтӣ» оғоз гардид. Дар ин бахш мутахассисон ва коршиносон масъалаҳои рушди низоми рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонии бахши хусусӣ, густариши тиҷорати электронӣ ва имконияти нави низоми бонкӣ ва пардохтиро баррасӣ менамоянд.

Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» дар шакли ҷаласаҳои соҳавӣ ва муҳокимаҳои муштарак идома ёфта, интизор меравад иштирокчиён доир ба дурнамои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва роҳҳои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ табодули таҷриба намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj