Четверг, 26 ноября 2026
Экономика

Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 26.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи  Муъминобод корҳои сохтмонии фурудгоҳи маҳаллӣ идома доранд. Корҳои навсозии фурудгоҳ, ки  беш аз се даҳсола  қатъ гардида буд, аз моҳи августи соли равон  оғоз шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи маълумоти масъулин, масоҳати умумии замини  барои бунёди фурудгоҳ ҷудошуда 23 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин ҳудуд 1080 метри мураббаъ барои сохтмони биною иншооти хизматрасонӣ, 41 ҳазору 337 метри мураббаъ барои роҳ ва  роҳравҳо,  инчунин  187 ҳазору 583 метри мураббаъ барои кабудизоркунӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи лоиҳа сохтмони бинои муосири маъмурӣ, толори интизории мусофирон ва дигар иншооти техникӣ, ёрирасон ва хизматрасонӣ дар назар аст.

Иншооти мазкур бояд барои қабул ва гусели мусофирон шароити зарурӣ фароҳам оварда, ба талаботи соҳаи авиатсияи гражданӣ ҷавобгӯ бошад.

Фурудгоҳи маҳаллии Муъминобод аз ҷумлаи иншооте мебошад, ки фаъолияти  он метавонад ба беҳтар шудани дастрасии нақлиётӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия мусоидат кунад.

Масъалаи барқарорсозии фурудгоҳ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ барои минтақаҳои кӯҳистони мамлакат  аҳаммияти хос дорад. Дар мавриди  ба истифода додани он, сокинон ва меҳмонони ноҳия имкони истифодаи навъи дигари нақлиётро пайдо карда, шароити сафар ва робита бо дигар минтақаҳо метавонад беҳтар шавад.

Ҳамчунин фаъолияти фурудгоҳ метавонад барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, тавсеаи имкониятҳои сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам оварад.

Бо вуҷуди ин, таъсири воқеии иқтисодии иншоот ба муҳлати анҷоми сохтмон, имкониятҳои техникии фурудгоҳ ва ташкили хатсайрҳои ҳавоӣ вобаста хоҳад буд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ ва омодасозии инфрасохтори фурудгоҳ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 25 ноябри соли равон  дар идомаи  сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода якҷо бо Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода дар деҳаи Кулчашма  бо  рафти корҳои сохтмонии фурудгоҳи маҳаллии ноҳия шинос шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj