ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP) вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҷараёни татбиқи лоиҳа, нақшаҳои минбаъда, рушди соҳибкории занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли занон дар фаъолияти иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани дониш ва малакаҳои соҳибкории занон, беҳтар намудани дастрасии онҳо ба маблағгузорӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани имконияти нави иқтисодӣ равона гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳа мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






